ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назарҲуқуқи инсон

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Бар мардуми бенанг сухан ҳайф аст… Мушкили мардумро гуфтаму “носолим” ва “экстремист” шудам…

Ман кадом соле навишта будам: Ҳукумат бояд худашро аз "ХУДИҲО"-яш эҳтиёт кунад!!!

Журналисти тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки ҳоло аз ҳисоби таксиронӣ (таксиҳои 5-сомонӣ) зиндагиашро пеш мебарад ва рӯзи 16 ноябр як муроҷиатномаи пурсарусадое ба номи мақомот нашр кард, рӯзи 12 декабр дар як матлаби наваш аз вокуниши тунди гуруҳҳои ба ном “тарафдори ҳукумат” ба он муроҷиатномааш изҳори нигаронӣ кард. Пирмуҳаммадзода навишт, муаллифони ин “вокуниш”-ҳо расидагӣ ба мушкилоти доғеро, ки ӯ бо мақомот дар байн гузошт, як тараф гузошта, ба шахсияти ӯ часпидаанд ва ӯро “носолим” ва ҳатто “экстремист” баровардаанд.

Пирмуҳаммадзода менависад: “Расмиятро ба ҷой ор, баъд кор кун мегӯянд – ҳой бебасарҳо, шумо ҳатто намедонед, ки дар ш.Душанбе ба мошинҳои соли бароришашон аз соли 2016 поён дигар касе литсензия намедиҳад. Ҳама хоҳишмандон ҳам намеавонанд дар ингуна ширкатҳои мегуфтаи шумо рафта, таксии фармоиши 4 рақама харида, бо он мусофиркашонӣ кунанд. Мардуми шаҳр низ ҳоло онқадар серпул нашудаанд, ки саҳар аз хона ба кор ва бегоҳ аз кор ба сӯи хона бо таксии 4 рақама рафтуомад кунанд. Барояшон ҳамон таксиҳои 5 сомона низ гоҳо қиммат менамояд, зеро маошу нархи бозору хизматрасонии комуналию обу барқ ба ҳам мувофиқат намекунанд, бинобар ин мардум аз ҳар чизе кӯшиш мекунанд, то чанд тангае сарфа кунанд.

Таксиронҳои 5 сомона киҳоянд? Ҳамон коргарҳои сохторҳои давлатӣ, ки саҳар вақти ба кор рафтан ва ё баъди кор 4 мусофирро бо худ бурда ҳамон маоши ночизи мегирифтаашро пурра мегардонад ё мардуми аз Русия депортшудаву афроди аз сабаби банд будани роҳҳо имсол дар Тоҷикистон дармондаанд, ки шумораи онҳо дар ш.Душанбе садҳо ҳазоранд, қисме бо ҳамон опелу нексию мерседеси кӯҳнаашон барои пайдо кардани қути лоямуте, барои таксии 5 сомона кор кардан, ба роҳ мебароянд.

Чаро боре аз худ савол накардед, ки худатон ҳам аз ҳамин таксиҳои 5 сомона истифода мебаред, хайр агар ғайриқонунӣ бошад чаро аз онҳо истифода мебаред?…”

Пирмуҳаммадзода рӯзи 16 ноябр, дар рӯзе ки дар Тоҷикистон Рӯзи президент таҷлил мешуд,  аз президент Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон хост, то ба мардуме, ки таксиронӣ мекунанд, имкон бидиҳанд, ки озодона рӯзгори худро пеш баранд. Пирмуҳаммадзода гуфт, дар рӯзи Президент ӯро ду маротиба ба маблағи 580 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар муроҷиатномаи наваш менависад: Рости гап, ман дигар ҳеҷ намефаҳмам, ки кадом як сохторе дар ҳукумат манфиатдор аст, ки ин қазия идома ёфтан бигираду ихтилофи бештаре миёни мардуми ҷомеа ба миён ояд?

Ба ҷои ин иғвоангезию кофтану бод кардани “коҳи кӯҳна” рӯзноманигорони нашрияҳои болотар зикркардаамро мебояд аз дарду мушкилоти мардум дар ҷомеа бештар маводҳо нашр кунанд, бо мардум наздик шаванд, роҳҳои ҳалли мушкилоташонро баррасӣ кунанд, нишон диҳанд, ки ҳукумат ҳам, дарди мардумро дарк мекунад, мехоҳад бо мардум онҳоро якҷоя ҳаллу фасл кунад, вале инҳо баръакс, ҳамаро ифротию шизофреннику девона мебароранду аз проблемаҳои мардум чашм мепӯшанд!!!

… Ман кадом соле навишта будам: Ҳукумат бояд худашро аз “ХУДИҲО”-яш эҳтиёт кунад!!!“

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Бар мардуми бенанг сухан ҳайф аст…

Оббо, НОСОЛИМУ ЭКСТРЕМИСТ ҳам баровардандам-ку?

Ман чандест, ки нашр шудани мақолаҳову ҳарзагӯиҳову наворҳои ба муқобили ман омодашударо дар саҳифаҳои газетаи Ҷумҳурият, Ҷавонони Тоҷикистон, агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва чанд сомонаи интернетӣ, бо диққат пайгирӣ дорам, рости гап то имрӯз ҷавоб гуфтанро ба он ҳама сели “ҳамлаҳои иттилоотӣ”-и бехирадона, ба худам эб намедонистам, вале вақте имрӯз фаҳмидам, ки кадом як дар истилоҳ “сиёсатшинос”-е дар як мақолаи дастаҷамъона, дар саҳфаи фейсбукиаш маро “ЭКСТРЕМИСТ (ифротгаро) ва ё НОСОЛИМ” номидааст, тоқатам тоқ шуд!!!🤬

Ман намедонам, ки КУРАТОРии ин ҳама сели “ҳамлаҳои иттилоотӣ”-и бехирадонаро кӣ ба ӯҳда дорад, вале як хоҳиш, вақте ман гуфтам биёед ба ин мавзӯъ нуқта мегузорем, зеро мақомот аз паи ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилии таксиҳои 5 сомона ҳастанд, бояд шумо ҳам як каме андеша мекардед, болои оташ равған намепошидед. Гумонам, кадоме аз КУРАТОРОН-и ин нашрияҳо манфиатдор аст, ки ҳамин қазия давом кардан бигирад, сару садоҳо дар ҷомеа зиёдтар шаванд, мумкин зери коса боз нимкосае бошад?🤔

Сониян, ҳамин мусоҳибону сенарияҳоятонро ақалан ба дасти ягон одами боақлтаре надодед, ки пеш аз нашр карданатон каме онро бо мантиқтар кунад? (ё касеро наёфтед?) .

Масалан, ҳама хӯсаҳоятон якдилона ба шахсияти ман дар афтода, бесалоҳиятона, бехабарона бар бораи қазияи ба амал омада андешапардозӣ мекунанд:

-Ҳама хӯсаҳоятон якдилона, қариб дар ҳама мақолаву наворҳои омода кардаатон, донишу ҳунари журналистии маро зери савол бурдаед, инро қабул дорам. Донишу ҳунари журналистӣ фақат ба ҳамин шумоён насиб кунад, ман ҳамин як бесавод, нодон, беҳунар мемонам, вале фаромӯш накунед, ки ман як инсонам ва мехоҳам озодона ба мисли ИНСОН зиндагӣ кунам, андешаи худро дошта бошам, онро озодона баён кунам…

– Расмиятро ба ҷой ор, баъд кор кун мегӯянд- ҳой бебасарҳо, шумо ҳатто намедонед, ки дар ш.Душанбе ба мошинҳои соли бароришашон аз соли 2016 поён дигар касе литсензия намедиҳад. Ҳама хоҳишмандон ҳам намеавонанд дар ингуна ширкатҳои мегуфтаи шумо рафта, таксии фармоиши 4 рақама харида, бо он мусофиркашонӣ кунанд. Мардуми шаҳр низ ҳоло онқадар серпул нашудаанд, ки саҳар аз хона ба кор ва бегоҳ аз кор ба сӯи хона бо таксии 4 рақама рафтуомад кунанд. Барояшон ҳамон таксиҳои 5 сомона низ гоҳо қиммат менамояд, зеро маошу нархи бозору хизматрасонии комуналию обу барқ ба ҳам мувофиқат намекунанд, бинобар ин мардум аз ҳар чизе кӯшиш мекунанд, то чанд тангае сарфа кунанд.

Таксиронҳои 5 сомона киҳоянд? Ҳамон коргарҳои сохторҳои давлатӣ, ки саҳар вақти ба кор рафтан ва ё баъди кор 4 мусофирро бо худ бурда ҳамон маоши ночизи мегирифтаашро пурра мегардонад ё мардуми аз Русия депортшудаву афроди аз сабаби банд будани роҳҳо имсол дар Тоҷикистон дармондаанд, ки шумораи онҳо дар ш.Душанбе садҳо ҳазоранд, қисме бо ҳамон опелу нексию мерседеси кӯҳнаашон барои пайдо кардани қути лоямуте, барои таксии 5 сомона кор кардан, ба роҳ мебароянд.

Чаро боре аз худ савол накардед, ки худатон ҳам аз ҳамин таксиҳои 5 сомона истифода мебаред, хайр агар ғайриқонунӣ бошад чаро аз онҳо истифода мебаред?…

–Яке дигараш дар навор худашро омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ муаррифӣ карда, ба ман писханд занон, ба ҳамин маънӣ мегӯяд: ин таксист чихел маълумоти бакавру магистрӣ доштаасту боз даъво дорад, ки ӯ 18 сол дар фалон ҷой кор кардааст. Системаи бакалавру магистр ҳамагӣ 10 соли пеш дар ҷумҳурии мо роҳандозӣ шудааст ё ӯ дар вақти хонданаш ба кор шурӯъ карда бошад?…

Баъд аз тамошои ин навор гуфтам, аслан номи “Омӯзгор” барои ту баринҳо ҳайф аст!!!Зеро, агар дар воқеъ омӯзгор мебудӣ, ба хубӣ медонистӣ, ки пеш аз ҳамагуна ибрози андеша ва таҳияи маводе муҳаққиқ бояд мавзӯъро хуб омӯзад, ҳамаҷиҳата таҳлил кунад, вале тавре дидам, он гумбази ҷисми худат ин чизро надоштааст, зуд ба сафсаттагӯӣ пардохти, ҳатто ҳамон Академияи идоракунии назди Президенти ҶТ-ро, ки гуфти онҷо “омузгорӣ” шарманда карди, наход дар чунин як муассисаи бонуфуз коркунию надонӣ, ки системаи бакалавру магистрии таълим дар донишгоҳҳои олии ҶТ аввалтар аз ҳама аз соли 1997 дар ДМТ (он замон ДДМТ) шуруъ гардида буд?

Ҳайфи ҳамон Академия, ки чунин омӯзгор дошта бошад…

– Аксар ақалакҳои омодакардаатон мегӯянд барои чӣ аввалан ба мақомоти зердахли поёнӣ муроҷиат накардӣ…?

Гӯш надоред, ки бишунаведу чашм надоред, ки бубинед?

Ман гуфта будам як сол пеш куҷо муроҷиат карда будам, ҳеҷ натиҷа надод. Ҳатто корбари дигаре зери ҳамон навори ман аризаи расмӣ ва ҳам муроҷиатномаи видеоии худашро ба Вазорати нақлиёт, ВКД ва ҳам ба Ҳукумати ҶТ, вобаста ба сабукӣ бахшидан ба таксиронҳои 5 сомона дар ҳолати кунунии баста будани роҳҳои муҳоҷират ва пандемияи ҳукмфармо дар кишвар, нашр карда буд(аксашро дар поён овардаам, бубинед). Аммо бо гузашти қариб як моҳ он шаҳрванд навишта, ки ба арзаш ҳеҷ ҷавобе нашудааст. Дар ҳоле, ки тибқи қонун муддати гардонидани ҷавоб аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба аризаҳои шаҳрвандон аз 3 то 10 рӯз муқаррар карда шудааст…

Пас, кӣ кафили ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон аст? …

-Дар навори дигаре як бехиради дигараш аз ҳуқуқ гап мезанаду мегӯяд Пирмуҳаммадзода мардумро ба ину он даъват кардааст, ҳой “отқулоғ” гӯшат, агар вазнин набошад якчанд бори дигар он наворро бо диққат гӯш кун!!! Дар куҷояш ту ингуна суханҳоро шунидӣ, ки дигарон нашуниданд?…

Рости гап, ман дигар ҳеҷ намефаҳмам, ки кадом як сохторе дар ҳукумат манфиатдор аст, ки ин қазия идома ёфтан бигираду ихтилофи бештаре миёни мардуми ҷомеа ба миён ояд?🤔

Ба ҷои ин иғвоангезию кофтану бод кардани “коҳи кӯҳна” рӯзноманигорони нашрияҳои болотар зикркардаамро мебояд аз дарду мушкилоти мардум дар ҷомеа бештар маводҳо нашр кунанд, бо мардум наздик шаванд, роҳҳои ҳалли мушкилоташонро баррасӣ кунанд, нишон диҳанд, ки ҳукумат ҳам, дарди мардумро дарк мекунад, мехоҳад бо мардум онҳоро якҷоя ҳаллу фасл кунад, вале инҳо баръакс, ҳамаро ифротию шизофреннику девона мебароранду аз проблемаҳои мардум чашм мепӯшанд!!!

Як хоҳиши дигар, бо сарфи ин қадар пулу воситаҳои техникии зиёд, навору мақолаҳои бемантиқатонро нашр карда худро хандахариши мардум нагардонед!!!

Медонам, хушомадгӯӣ дар рагу пайвандатон ҷой шудааст, вале камтар аз дарди мардум ҳам бигӯед, айнакҳои сурхатонро аз чашм гирифта Тоҷикистони воқеиро бубинед ва инъикос кунед!!!

Танҳо бо ин роҳ ба дили мардум роҳ ёфта метавонед, вагарна бо ин ҳама иҷборан обуна кардани бечора коркунони соҳаҳои буҷавӣ, ки эшон бе ин ҳам маоши кам мегиранд, шумо ба касе даркор намешавед!!!

(Аз ҳамон рейтинги наворҳою мақолаҳои навиштаатон дар интернет баҳо диҳед, ки то кадом андоза мардум ба шумо бовар доранд)…

Ман кадом соле навишта будам: Ҳукумат бояд худашро аз “ХУДИҲО”-яш эҳтиёт кунад!!!

Мақоли мардумиро ба ёд доред: “Бовар макун ба “дӯстат”, корд мезанад ба пуштат!!!”

Гап зиёд аст, мардум худаш ҳақро аз ботил фарқ мекунад, лекин ба ҳамин сиёсатшинос ва онҳое, ки дастури навиштани ин мақоларо додаанд мегӯям, агар ба хотири дифоъ аз ҳаққи худам маро бо чунин тӯҳмат; эктремист ва ё носолим муттаҳам мекунед, пас инро яқин бидонед, ки ҳатман худатон дар тӯҳмати бузургтар аз ин гирифтор хоҳед шуд ва барои ҳар як ҳарфи худ дар пешгоҳи Худои ман ҷавоб хоҳед дод!!!

Ман ба тақдири илоҳӣ тан додаам…

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Рӯзи ПРЕЗИДЕНТ барои ман танҳо онгоҳе муборак хоҳад буд, ки …

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button