Кормандони пулис дар шаҳри Домодедово дар канори Маскав нафари гумонбар дар кӯшиши ғорати як зани раҳгузар дастгир кардаанд. Ин ҳодиса дар кӯчаи Вокзалная рӯй дода, лаҳзаи ҳамлаи ғоратгар ба зани раҳгузарро видеокамераҳои назоратӣ сабт кардаанд. Дар видео дида мешавад, ки ғоратгари мусаллаҳ бо корд кӯшиш мекунад, то сумкаи дасти занро кашида бигирад, вале зан ба ӯ муқовимат нишон дода, дар ниҳоят ба ӯ муяссар мешавад, ки аз дасти ғоратгар худро халос кунад.
Ғоратгар баъди барор нагирифтани кӯшиши ғораташ аз ҷои ҳодиса фирор мекунад, вале кормандони пулис бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ шахсияти ӯро муайян ва гумонбарро дастгир кардаанд.
Шабакаи телевизионии «360» хабар дод, ки дастгиршуда зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Исми ӯ ва аз кадом кишвар буданаш эълон нашудааст. Вале гумонбарро ба ҳабс гирифтаанд. Ба ӯ то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.