Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

Намояндаи “Тоҷик Эйр” дар Петербург қурбони коронавирус шуд

Қиёмиддин Саидов, ки солҳои зиёде дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар Петербург фаъолият мекард, субҳи 3 декабр, соати 9, ба иллати бемории коронавирус дар синни 51 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, Қиёмиддин Саидов чанд рӯзи охир таҳти дастгоҳи сунъии нафаскашӣ (ИВЛ) қарор дошт, вале табибон ӯро наҷот дода натавонистанд.

Қиёмиддин Саидов, с.т. 1969, зодаи деҳаи Чуқайша дар канори шаҳри Ваҳдат буда, аз солҳои 90 дар Русия ва асосан дар Петербург кору зиндагӣ мекард.

Ширкати “Тоҷик Эйр” дучори буҳрони шадиди молиявӣ шудааст ва аз моҳи январи соли 2019 аз имкони анҷоми парвозҳо амалан маҳрум гардидааст. Ҳоло ба ҷои “Тоҷик Эйр” тақрибан ҳамаи парвозҳо аз ва ба Тоҷикистонро ширкати “Сомон Эйр” анҷом медиҳад.

Nuriddin Davronov

 

Инна Лиллаҳи ва Инна Илайҳи Роҷиъун 🤲🏻🕋Ушёл из жизни добрый , веселый преданный сын Родины Акаи Киём который поддерживал много людей в частности молодежь спортсменов студентов и из других сфер людей . В Частности и меня он поддержал в трудный для меня момент . Спасибо за все вам Акаи Киём !!!!

Амониддин Қодирзода, ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Ҷавонмарди беҳтарин дастгири муҳоҷирон Қиемиддин Саидов имруз соати 9-00 дунёро тарк намуданд.Худованд ҷоятро ҷаннат гардонад .Бародари гироми

https://www.facebook.com/groups/345434293005678/permalink/676668596548911

Nazar Mirzoda

Хамин субх дар шахри Санкт-Петербург биродари азизи ХАМАЙИ МО ТОЧИСТОНИЁН КИЁМИДДИН САЙИДОВ ба амри Худованд дунёйи фониро тарк карданд. Инсони хубу ба хамайи хамдиёрон солхойи тулони хизмату кумаки моли ва маънави мекарданд.Гамхори хама гарибкорон ва панохандайи оворагон буданд. Ба ахли хонадон ва биродарону дустонаш аз номи Чамъияти Точиёни шахри Санкт-Петербург тасаллият баён мекунем.

ХУДО КУЧОСТ?

Хам Масчиду,хам Киблаву,хам Каъба бахонаст,

Диккат бикуни нури Худо дар дили хонаст.

Дар Масчиду дар Каъба ба думболи чи хасти?

Аввал ту бибин,калби касро нашикасти?.

Ин гуна чаро дар паси икболи Худоем,

Хамсояйи мо гушнаву мо сер бихобем.

Дар хилъати мо розу муаммойи Худо чийст?

Инсон худаш ойинайи як Каъба магар нейст?

Бархезу каме Каъбайи омоли худат бош!

Чанге ба никобат бизану моли худат бош!

Тасвири Худо пушти хамин кухнаникоб аст,

Тазвири Худо возиху чашмони ту хоб аст,

Шояд ки буте дар васати зехни ману туст,

Бояд бути худ бо нами борони Худо шуст.

Гуйи ки Худо дар бадану дар танамон аст.

Наздиктар аз хуни раги гарданамон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button