ВидеоНомаҳо ба президент

МУРОҶИАТИ НАВИ АБДУСАТТОР ПИРМУҲАММАДЗОДА: ЧАНД РӮЗИ ХОМӮШИАМ АЗ ТАРС НАБУД (ВИДЕО)

Журналисти тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки ҳоло аз ҳисоби таксиронӣ (таксиҳои 5-сомонӣ) зиндагиашро пеш мебарад ва рӯзи 16 ноябр як муроҷиатномаи пурсарусадое ба мақомот нашр кард, рӯзи 27 ноябр бо нашри як муроҷиатномаи нави видеоӣ хабар дод, ки дар озодӣ қарор дорад ва “Худоро шукр, ягон азобу азият ё шиканҷа нашудааст.” Пирмуҳаммадзода сарусадоҳои паҳншуда дар бораи боздошташро рад кард ва гуфт, баъди муроҷиатномаи дар Рӯзи президент нашр кардааш танҳо барои “суҳбат” даъват шуда буд: “Ин як суҳбати озод буд. Фикри моро шуниданд, фикри онҳоро шунидем. Акнун мақомот бояд дар пайи ҳалли масъала шаванд.”

Пирмуҳаммадзода дар муроҷиатномаи қаблиаш аз президент Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон хост, то ба мардуме, ки таксиронӣ мекунанд, имкон бидиҳанд, ки озодона рӯзгори худро пеш баранд. Пирмуҳаммадзода гуфт, рӯзи 16 ноябр, ки дар Тоҷикистон рӯзи Президент таҷлил мешуд, ӯро ду маротиба ба маблағи 580 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Дар муроҷиати наваш Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҳамаи онҳое, ки ба паёми қаблии ӯ вокуниш карданд – чӣ ба тарафдорӣ ва чӣ зид – изҳори ташаккур кард ва гуфт, “ҳар касе дар ҳаққи мо дуо кард, ё дашном доду бад гуфт, ин ҳаққи шумост. Ман фақат як мушкили доғи ҷомиаро матраҳ кардам. Гуфтани камбудиҳо ҷурм нест. Ман узви ягон гуруҳ ё ҳизбе нестам ва мақсадам аз он муроҷиатнома фақат фикри ободии Ватан ва кишвар буд.”

Абдусаттор Пирмухаммадзода

Бо арзи сипосу эҳтиром ба якояки дӯстон, хоҳиш мекунам ҳангома накунед…

ВИДЕО: Хитоби Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба президент: Бигузоред, ки зиндагиамонро пеш барем

Журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки ҳоло аз ҳисоби таксиронӣ (таксиҳои 5-сомонӣ) зиндагиашро пеш мебарад, дар як видео аз президент Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон хост, то ба мардуме, ки таксиронӣ мекунанд, имкон бидиҳанд, ки озодона рӯзгори худро пеш баранд. Пирмуҳаммадзода гуфт, рӯзи 16 ноябр, ки дар Тоҷикистон рӯзи Президент таҷлил мешуд, ӯро ду маротиба ба маблағи 580 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Бино ба иттилои расида, баъди нашри ин видео Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби мақомот мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Рӯзи ПРЕЗИДЕНТ барои ман танҳо онгоҳе муборак хоҳад буд, ки …

Завқибек Саидаминӣ

КӢ ШИНОХТ?

Як соат пештар дар маҳалаи Гипроземи шаҳри Душанбе акаи  Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро дидам. Чун пештара бо Опелаш, (дар зер аксаш👇) ки «бахмалакаш» ном мондаст, ба таксизанӣ машғул буд! Як суҳбати хуби сарироҳӣ доштем. Акаи Абдусатторро ман чандинсол боз мешиносам! Як инсони Миллатдуст ва Ватандустест, ки аз пушти доштани андешаи худ аз рӯзноманигорӣ ба кирокашӣ (таксисти) рӯй овардааст!

Аввалин суоле, ки ман бо диданаш додам он буд, ки шояд аксарият мехоҳанд бидиҳанд: «Баъди ун навор дар чи ҳоласту бо ӯ чи бархурд шуд?». Акаи Абдусатор гуфт: «Аввалан аз тамоми муҳоҷирин изҳори сипос мекунам, ки хелаҳош омода буданд маблағи ҷаримаи маро равон кунанд, вале ман розӣ нашудам». Дар давоми суҳбат акаи Абдусаттор гуфтанд, аз ҷониби ҳеҷ ниҳоде боздошт нашудаст, ва нисбати ӯ ҳеҷ шиканҷаеҳам сурат нагирифтаст! Он хабарҳое, ки дар падвали ин ё он ниҳод қарор дорад дурӯғанд. Ва ҳоло ҳамонгунае, ки дар аксҳо мебинед ба кирокашӣ машғул аст. Моҳам гуфтем Аллоҳ болои сари фарзандот нигаҳбонат бошаду хайру хуш кардем! Албата баъди як селфӣ😁

PS: Воқеан чаро бояд инсоне, ки ҷонаш ба лабаш мерасаду дардашро мегӯяд боздошту бозпурсӣ шавад?! Шояд ва бояд онҳоеро як бор бипурсанд, ки чаро дар давраи раисии ту ину он аз кор рафтанду ҳоло яке таксисту яке бозорнишину яке умуман бекор монданд….

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button