СОКИНИ МӮЪМИНОБОД ҲАНГОМИ ҶУСТУҶӮИ ТИЛЛО ЗЕРИ ХАРСАНГ МОНДА, ҶОН ДОДААСТ
Як сокини ноҳияи Муъминобод ҳангоми ҷустуҷӯи тилло зери харсанг монда, ба ҳалокат расидааст.
Нуруллоҳ Ҳасанов, мухбири сомонаи Рressa.tj хабар додааст, ки ин ҳодиса 3-юми апрел дар деҳаи Момондиёни ноҳияи Муъминобод рух додааст.
“Хисрави Сафар, ҷавони 23-сола соати 4-и субҳ ба ҷониби Кӯҳансайёд меравад. Баробари расидан, ба кандани чуқурӣ сар мекунад. Бо дарёфти 1-2 грамм тилло шавқу завқаш афзун гашта, боз ба пеш, ҷониби харсанги вазнаш ягон 300-400 килограмм канданашро идома медиҳад. Худаш ҳам нафаҳмида мемонад, ки чӣ тавр бехи харсангро рахна кардааст. Харсанг ба болояш ғалтида, ӯро пахш мекунад. Дар натиҷа Хисрав дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”,– гуфтааст Нуруллоҳ Ҳасанов ба Рressa.tj.
Бино ба иттилои хабарнигор, волидайни Хисрави Сафар ният доштаанд, ки баъд аз моҳи Рамазон ӯро оиладор кунанд.
“Чунин ҳодисаҳои нохуш дар мавзеи Шугнови Ховалинг низ зуд-зуд рух медиҳанд”, – гуфтааст Нуруллоҳ Ҳасанов.
Дар Тоҷикистон ба шаҳрвандон худсарона ва бидуни иҷозати мақомот кофтани тилло ва дигар сангу фулузоти гаронбаҳо манъ карда шудааст, вале бо ин вуҷуд дар манотиқи кӯҳистон бархе сокинон мустақилона даст ба ҷустуҷӯи тиллову сангҳои гаронбаҳо мезананд.