Размандаи 25-солаи ҷангҳои бидуни қоида аз Тоҷикистон Муин Ғафуров, маъруф бо лақаби Муин-Тоҷик, ки талош дошт, нахустин размандаи тоҷик дар UFC бишавад, ба ин орзуи худ расида натавонист.
Муин-Тоҷик дар мусобиқоти промоушни ONE дар қитъаи Осиё ҳунарнамоии олӣ нишон дода, собиқадори UFC Леандро Иссу ба нокатур фиристод ва дар се давраи набард бо собиқадори дигари UFC Ҷон Линекер низ истодагарӣ кард.
Ба ин далел дар набард ба муқобили Чед Анҳэлигер аз Канада дар барномаи шоуи Дан Вайта “Довталаб” шанси Муин-Тоҷик ба андозаи 5 ба 1 болотар арзёбӣ мешуд.
Муин-Тоҷик дар даври аввал бар рақибаш дастболо шуд, вале доваронро идомаи ҳунарнамоии Анҳелигер бештар ба ваҷд овард. Дар натиҷа Муин бо қарори доварон (29-28, 28-29, 29-28) мағлуб эълон шуд ва орзуяш барои пайвастан ба UFC ин дафъа ҷомаи амал напӯшид.