Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ 5-БАЛЛӢ ДАР НАЗДИКИИ ҒАРМУ ТОҶИКОБОД ДАР ШИМОЛУШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки субҳи 31 марти соли 2024, соати 05:25 ба вақти маҳаллӣ водии Рашт дар шимолушарқи Тоҷикистонро як заминларзаи шиддаташ, тибқи ҷадвали Рихтер, 5,0 балл такон додааст.

Бино ба иттилои сомонаи Маркази зилзиланигории Аврупову ҳавзаи баҳри Миёназамин, маркази заминларза дар нуқтае дар арзи 39.220 ва тӯли 70.720 дар ҳудуди ноҳияи Рашт ҷойгир шуда буд ва сокинони маҳалллӣ дар бораи эҳсос кардани заминларзаи сахт хабар додаанд.

Пойгоҳи Еarthquaketrack.com, ки заминларзаҳои рухдода дар саросари сайёраро ба сурати зинда пайгирӣ ва мунъакис мекунад, замин дар умқи 10 километр ларзида, маркази офати табиӣ дар 42-километрии шарқи шаҳраки Ғарм, маркази ноҳияи Рашт, ва 8-километрии Тоҷикобод, маркази ноҳияи ҳамном ҷойгир шуда буд.

Дар бораи кадом хисороте бар асари ин офати табиӣ то ин соат гузориш нашудааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаии охир дар қаламрави Тоҷикистон 6 зилзила,  дар як моҳи охир 18 заминларза ва дар як соли охир 237 заминларзаро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button