ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ПАДАР БО ДУ ПИСАРАШ — НОМИ БОЗ 3 ТОҶИК ДАР ПАРВАНДАИ ҲАМЛАИ ХУНИН ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав шаби 25 марти соли 2024  боз се зодаи Тоҷикистон: падар ва ду писари ӯро бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамлаи хунини шоми 22 март дар шаҳри Красногорск дар канори пойтахти Русия барои қариб 2 моҳ, яъне то 22 майи соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ёдовар мешавем, шоми 22 март бар асари ҳамлаи мусаллаҳона болои издиҳом дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар Красногорск дастикам 139 кас кушта шуданд.

Падару ду писар бар асоси моддаи 205, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Русия ба даст доштан дар амали террористӣ айбдор мешаванд. Инҳо:

  1. Исломов Исроил Иброҳимович, 62-сола.
  2. Исломов Аминҷон Исроилович — 33-сола (санаи таваллудаш 12 августи соли 1990). Дар корхонаи нақлиётии Верхневолжск кор мекард.
  3. Исломов Диловар Исроилович — 24-сола (санаи таваллудаш 2 октябри соли 1999). Мисли бародараш дар корхонаи нақлиётии Верхневолжск кор мекард. Бино ба маълумоти расмӣ, мошиншӯ буд.

Исломовҳо зодаи Тоҷикистонанд, вале шаҳрвандии Русияро доранд ва дар вилояти Твер сабти ном шудаанд.

Бино ба хабарҳо, писари хурдии ин хонавода Диловар Исломов соҳиби расмии ҳамон мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено” буд, ки ҳамлагарон шоми 22 март бо ҳамин мошин ба толори “Крокус” омада, баъдани куштани мардум аз он ҷо бо ҳамин мошин фирор карданд.

Телеграм-канали “База” хабар дод, ки Диловар Исломов баъди ин ҳодиса ягон ҷо фирор накарда буд, балки билофосила баъди фаҳмидани инки мошини ба номи ӯ сабтиномшударо дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор додаанд, худаш ба мақомот ҳозир шуд.

Вале тафтишот нисбат ба нақши Исломовҳо дар ҳамлаи Красногорск назари дигар дорад. Бино ба фарзияи тафтишот, Фаридуни Шамсиддин ҳанӯз моҳи январи соли 2024 ибтидо Аминҷон Исломовро ба ҳайъати гуруҳи ташкилдодааш ҷалб карда, бародари хурдии ӯ Диловар Исломов на дертар аз 11 март, яъне 11 рӯз қабл аз ҳамла, ба ин гуруҳ пайвастааст.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин шоми 25 март дар гузоришаш ба президент Владимир Путин дар бораи ҷараёни тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Красногорск хабар дод, ки се нафари рӯзи 25 март ҳабсшуда ҳамлагаронро нафақат бо мошин, балки бо хона низ таъмин карда, барояшон пул ҳам кашондаанд. Бастрикин номи ин се нафарро нагуфт, вале маълум буд, ки манзураш Исломовҳо мебошанд.

Қаблан Далерҷон Мирзоев, яке аз муттаҳамон дар ҳамлаи Красногорск дар баёноташ дар бораи “Абдулло” ном нафаре нақл кард, ки онҳоро ба анҷоми ин ҳамлаи хунин моил карда, барои ӯ, ки чор моҳ дар Русия бекор буд, ҳатто аз шиносҳояш мошин гирифта дод, то таксиронӣ кунад.  Ба эҳтимоли ғолиб, ӯ ҳамон мошини сафеде “Рено”-ро, ки дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” истифода шуд, дар назар дошт ва “Абдулло” ҳамин Фаридуни Шамсиддин ва шиносҳои ӯ, ки мошинаш доданд, эҳтимолан, падару ду писар Исломовҳоянд.

Худи  Исломовҳо ваё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button