ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР ПОЙТАХТ: ЯК ҶАВОНЗАНРО ДАР РОҲИ ОҲАН 7 КОРД ЗАДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 21 марти соли 2024

Боздошти ҷавони 24-сола бо ҷурми суйиқасди одамкушӣ

45

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Истаравшан, бо гумони сӯиқасди одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда санаи 19-уми марти соли 2024, тахминан соати 15:30, ҳангоми дар кӯчаи Ҳувайдуллоев, дар назди роҳи оҳан қарор доштанаш, ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос бо корд 7 маротиба ба аъзои баданаш зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Бо корд захмӣ гардидани марди 39-сола дар заминаи муноқиша

003

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда санаи 20-уми марти соли 2024, тахминан соати 17:10 ҳангоми дар хиёбонӣ Рӯдакӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 39-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда бо корди дар дасташ буда 3 маротиба ба қисмати шикам ва пушташ зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида, бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ

147

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 58-солаи сокини шаҳри мазкур, ворид гардидааст, ки санаи 15-уми марти соли 2024, тахминан соати 11:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо як чанд адад ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Восеъ, бо гумони содир намудани ҷинояти дузди дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми марти соли 2024, ҳангоми дар кӯчаи Борбад қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш як адад телефони мобилиаш тамғаи «Айфон-13»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 9 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 18-солаи сокинони пойтахт, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button