ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

БОЗДОШТИ 5 ФОЛБИН ДАР ХАТЛОН: АЗ ИЛМИ ҒАЙБ ХАБАР ДОШТАНДУ АЗ ОМАДАНИ МИЛИСА – НЕ (5 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 20 марти соли 2024 аз боздошти 5 нафар(як мард ва чор зан) барои фолбинӣ ва сеҳру ҷоду хабар дод ва гуфт, бо вуҷуди таъкидҳои ҳамешагӣ ва таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ нафароне, ки худро фолбину ҷинбарор ва мушкилкушо тарошида, мардумфиребиро барои хеш як василаи рӯзгузаронӣ қарор додаанд, ба ин кирдори мардумфиребонаашон идома дода истодаанд.

Аз ҷумла кормандони милитсияи Хатлон зимни баргузории маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ва амалиёти санҷишӣ 5 нафарро бо иттиҳоми қаллобӣ ва мардумфиребӣ дастгир кардаанд. Инҳо:

  1. Иброҳимов Раҳим Каримович,  соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Кушониён, ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол, деҳаи Гулзор, бо тахаллуси Домулло Абдураҳим;
  2. Қурбонова Наргис, санаи таваллудаш 1974, сокини шаҳри Левакант;
  3. Назарова Идимоҳ, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи шаҳри Левакант;
  4. Кулчакова Холдан, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷамоати деҳоти Навобод;
  5. Ғоибназарова Наргис, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷамоати шаҳраки Фархор;

Худи дастгиршудагон ва наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба гузориши милитсияи Хатлон, “зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки дастгиршудагон ба сеҳру ҷоду машғул буда, мардумони зиёдеро ба доми фиреби худ кашидаанд. Ҳарчанд амалҳои мардумфиребӣ ва сеҳргариву ҷодугарии бархе аз тоифаи каҷрафтор якчанд маротиба дар барномаҳои телевизионии кишвар ба намоиш гузошта шуда буд, аммо муайян карда шуд, ки онҳо аз ин роҳи пешакардаашон даст баркашиданӣ нестанд. Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурдагон як қатор ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд”.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон барои минбаъда ба ин амали марбумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Тибқи моддаи 482 КҲМ ҶТ, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, нисбат ба шахсони воқеӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин шудааст. Дар сурати дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир кардани айни кирдор ҷаримаи дуюм алакай ба андозаи аз 60 то 100 нишондиҳанда таъйин карда мешавад. Ёдовар мешавем, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Милитсия гуфт, “ин тоифа бо суханони макромези худ ба эътимоди корафтодагон ноил гардида, баъдан талаби ҳар гуна молу амволро менамоянд, ки ин амали онҳоро бе муҳобот метавон як манбаи даромади муфт ва мардумфиребӣ номид. Вале, таассуфовар он аст, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бовар карда, ба ҷойи муроҷиат ба тибби муосир аз ин қабил мардумфиребон дармони дард меҷӯянд ва беҳуда маблағҳои ҳангуфтро аз даст медиҳанд”.

Дар Тоҷикистон аз соли 2006 фолбинӣ ва сеҳру ҷоду қонунан манъ карда шуда, барои он дар қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Вале аксари онҳое, ки ба чунин кор машғул буданд, худро дар вазорати тандурустӣ ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, ҳамчунон ба корашон идома медиҳанд.
Дар ду моҳи охир милитсияи Хатлон аз боздошти чандин фолбин хабар дод. Аз ҷумла дар аввали моҳи феврал сокини 74-солаи маҳаллаи “Якуми май”-и шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми фолбинӣ ва ҷодубарорӣ Файзуллоев Раҳматулло ва дар поёни моҳи феврал сокини низ солхӯрдаи 69-солаи шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Зоя Қосимова бо айни ҷурми машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дастгир карда шуданд. Ҳамин тавр, дар аввали моҳи март сокини 44-солаи ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) Бекмуродова Бибисанг дастгир шуд. Милитсия гуфт, ин зан бо истифода аз ҳар гуна ашё, ба мисли қулфу калид, хонаи занбур, мӯи сар ва сӯзану ришта ба муштариёнаш ваъдаи беасос медод, ки гӯё сеҳру ҷодуро аз бадани онҳо бароварда, барои муносибатҳои оиладорӣ, меҳру муҳаббати хонаводагӣ, кушоиши кор, дармони дард ва ҷинбарорӣ ба онҳо гӯё кумак мерасонад.

Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 1 человек, учится и текст
Возможно, это изображение 1 человек и больница
Возможно, это изображение 1 человек
Возможно, это изображение 1 человек, улыбается и больница

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button