ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ДОДГОҲИ ТОБОЛСК ДОНИЁРҶОН ОХУНОВРО ТО 15 МАЙ БА ҲАБСИ ХОНАГӢ ГИРИФТ

Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои вилояти Тюмени Русия рӯзи 19 марти соли 2024 хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Тоболски ин вилоят Дониёрҷон О., соли таваллудаш 2002-ро, ки бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия ба авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор мешавад, то 15 май ба ҳабси хонагӣ гирифт.

Додгоҳ гуфт, аз маводи парванда бармеояд, ки рӯзи 15 марти соли 2024 ин ҷавон дар даромадгоҳи бинои қитъаи овоздиҳӣ як петардаро кафондааст. Дар натиҷа худи ин ҷавон аз панҷаи дасти чап ва пешониаш захм бардошта, дигар ягон кас осеб надидааст.

“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ, донишҷӯ нақл кард, ки сабаби ин кирдораш қарзе шуд, ки ӯ таҳти таъсири қаллобон гирифт. Ин қаллобон қариб 2 миллион рубли ӯро тасарруф кардаанд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи додгоҳ.

Қаблан гузориш шуда буд, ки рӯзи 15 март, дар рӯзи аввали овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Русия донишҷӯи тоҷикистонии соли дуюми коллеҷи тиббии шаҳри Тоболск дар қитъаи интихоботии воқеъ дар бинои гимназияи ба номи Литсман дар касаба ё микрорайони ҳафтуми шаҳри Тоболск як петардаро кафондааст.

Ҳоло ба донишҷӯи зодаи Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз ним миллион то як миллион рубл, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ваё то 7 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия дар шарҳи қазияи Тоболск хабар дод, ки сафорат аз ҷараёни қазияи дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Тоболск  рухдода огоҳ буда, онро таҳти пайгирӣ қарор додааст. Сафорат дар ин маврид гуфт: “Қобили зикр аст, ки шаҳрванд Охунов Дониёрҷон Ғафурҷонович соли таваллудаш 13.02.2002, гарчанде зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳам, шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад ва дар курси 2-юми Коллеҷи тиббии шаҳри Тоболски Россия таҳсил менамояд”.

Сафорат афзуд, ки ҳамроҳ бо Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо мақомоти дахлдори тафтишотии Русия барои муайян кардани ҷузъиёти қазияи мазкур дар ҳамкории зич қарор дорад.

Тавре қаблан гузориш шуда буд, Дониёрҷон ном ҷавони 22-сола аз Тоҷикистон, ки донишҷӯи коллеҷи тибби шаҳри Тоболски вилояти Тюмени Русия будааст, ба доми фиреби қаллобон афтода, ба хотири баргардондани қариб 2 миллион рубл пулҳои аздастдодааш рӯзи 15 марти соли 2024 дар ҷараёни рӯзи аввали овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Русия дар як қитъаи интихоботӣ дар шаҳри Тоболск петардаро кафондааст.

Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики “База” бо такя ба манобеи худ дар мақомот хабар дод, ки рӯзи 15 март ба Дониёрҷон шахсони ношинос занг зада, худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кардаанд. Ин қаллобон бо роҳи фиреб ба боварии донишҷӯи тоҷики коллеҷи тиббии Тоболск даромада, ӯро мутақоид сохтаанд, ки ҳисобҳои бонкиаш таҳти хатар қарор дорад. Бо ҳамин васила, онҳо Дониёрҷонро моил кардаанд, ки аз бонкҳо қарз бигирад ва ба ҳисобҳои гуфтаи онҳо бифиристад. Дониёрҷон ба ин қаллобон бовар карда, ба ҳисобҳои нишондодаи онҳо маблағи хеле бузург:  1 миллиону 880 ҳазор рубл, баробари 20 ҳазор долларро интиқол додааст.

Баъди ин қаллобон ба донишҷӯ “фаҳмондаанд”, ки ӯ метавонад пулҳояшро пас бигардонад, вале барои ин бояд дар қитъаи овоздиҳӣ гон петардаро битарконад. Дониёрҷони фирефташуда ба ин ваъдаи қаллобон ҳам бовар карда, ба мағозаи фурӯши пиротехника рафтааст ва як петарда харида, бо худ ба қитъаи овоздиҳии воқеъ дар бинои гимназияи ба номи Литсман дар касаба ё микрорайони ҳафтуми шаҳри Тоболск рафтааст. Дар толори овоздиҳӣ Дониёрҷон петардаро кафонданӣ шудааст, вале он дар дасташ таркидааст ва ҷавон аз ноҳияи панҷаи дасти чап ва пешониаш ҷароҳат бардоштааст.  Баъди таркондани петарда Дониёрҷонро дастгир кардаанд.

Хотиррасон мекунем, ки аз 15 то 17 марти соли 2024 дар Русия овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ доир шуд. Президенти кунунии Русия Владимир Путин, ки 72 сол дорад ва аз соли 2000, инак 24 сол боз раҳбарии Русияро дар даст дорад, бори панҷум номзадиашро пешбарӣ кард ва бо касби беш аз 87 фоизи овозҳо замони раёсаташро барои боз 6 соли дигар тамдид кард.

Ба ҷуз аз Путин 3 номзади дигар аз ЛДПР, ҳизби коммунист ва ҳизби “Одамони нав” (“Новые люди”) ҳам сабти ном шуда буд, вале ҳеҷ кадоми онҳо аз нуфуз ва обрӯи кофие дар ҷомиаи Русия бархӯрдор набуд ва онҳо, ба бовари нозирон, дар ин маърака нақши сирф номзадҳои намоиширо бозӣ мекарданд, то ки интихоботи президенти Русия ҳадди ақал дар зоҳир алтернативӣ нишон диҳанд. Номзадҳои мухолифи режими Путин ба интихобот роҳ дода нашуданд.

Кишварҳои Ғарб ва мухолифини Путин ӯро ба бунёди як режими худкомаи наздик ба диктатура, аз саҳна рӯфтан ва ҳатто ҷисман аз байн бурдани мухолифини сиёсиаш ва бо ҷанги зидди Украина дар инзивои байналмилалӣ ва таҳти таҳримоти сангини байналмилалии барои иқтисодаш харобиовар қарор додани Русия айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button