ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ҶАСАДИ САФИЯХОНИ 9-СОЛАРО 50 КМ АЗ ХУҶАНД ПОЁНТАР ДАР ШАҲРИ ШИРИН ЁФТАНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 13 марти соли 2024 хабар дод, ки ҷасади як духтарчаи 9-сола аз шаҳри Хуҷандро, ки рӯзи 7 феврал беномунишон шуда буд, баъди 5 ҳафтаи ҷустуҷӯ, рӯзи 12 март, соати 15:15 аз канали Мирзочӯли ҷанубӣ дар ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон пайдо кардаанд. Ширин дар тақрибан 50-километрии ғарби шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, азбаски ҷустуҷӯи ҷасади духтарак дар дарёи Сирдарё дар ҳудуди вилояти Суғд натиҷа надод, ин ниҳод рӯзи 29 феврал барои кумак ба вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон муроҷиат кард.

Дар иттилоияи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чунин омадааст:

 «Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзи 7 феврали соли 2024 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як духтараки 9-солаи сокини ин шаҳр бедарак шуд. Барои ҷустуҷӯи наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ҷалб гардида, ҳар метри Сирдарёро ҷустанд.

 29 феврали соли 2024 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон дар мавриди кумак дар ташкили ҷустуҷӯ дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ дархости хаттӣ фиристода шуд.

Рӯзи 12 марти соли 2024 аз  вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон номаи расмӣ расид, ки аз 2 то 12 март гуруҳи ғаввосони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Сирдарё дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои қудратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабиниҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ монда, соҳилҳоро дар ҳудуди деҳаҳои наздик ба шаҳри Ширини вилояти Сирдарё ҷустанд.

Дар натиҷаи корҳои анҷомёфта, рӯзи 12 марти соли 2024, соати 15:15, ҷасади духтарро дар соҳили рости канали Мирзочӯли ҷанубӣ дар ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарё пайдо карданд”.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон рӯзи 13 март хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир ҷасади духтарак дар морги бемористони ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарё қарор дорад ва ба зудӣ ба хешовандонаш дода мешавад.

Қаблан намояндагон ниҳодҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ва наздикони Сафияхон дар бораи ёфт шудани ҷасади ӯ дар қаламрави Ӯзбекистон хабар дода буданд. Аз ҷумла Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд, ки ғаввосони ҳамин шуъба асосан ба ҷустуҷӯи Сафияхон сафарбар шуда буданд,  гуфт, ҳоло ҷасади духтарак дар яке аз сардхонаҳои Ӯзбекистон аст  ва ба зудӣ ба пайвандонаш дода мешавад.

Муяссар Раҳматова, бибии Сафияхон, гуфт, ба онҳо хабар расид, ки ҷасадро 1фтаанд, вале ҳанӯз шиносоӣ нашудааст ва алҳол танҳо аз рӯи либосаш тахмин мезананд, ки ин Сафияхон аст.

“Аз либосаш шинохтаанд. Ӯ дар панҷараи обанбор дармонда будааст. Падараш ва дигар хешовандон барои гирифтани ҷасад ба Узбекистон рафтанд. Бояд ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба Тоҷикистон биёранд”, – гуфтааст Муяссар Раҳматова.

Рӯзи 13 март дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар доданд, ки падари Сафияхон ҷасади духтарашро алакай шиносоӣ кардааст.

Сафияхон Раҳматова, хонандаи синфи 3-и гимназияи № 1-и шаҳри Хуҷанд, 7-уми феврали соли 20234 бедарак шуд. Бори охир ӯ ҳангоми сайругашт дар соҳили дарёи Сир дар назди Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтодааст. Хонаи онҳо дар наздикии боғ ва соҳили дарё ҷойгир шудааст. Дар сабтҳо дида мешуд, ки Сафияхон дар назди боғ сайругашт мекуунад ва сипас ба соҳили дарё мефарояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button