ДАР ИСТАРАВШАН ЯК ЗАН ҲАМЁНИ ПУР АЗ ПУЛИ ЗАНИ СОЛХӮРДАИ ҲАМДЕҲААШРО ДУЗДИДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 13 марти соли 2024 аз ошкор шудани боз ду дуздӣ хабар дод. Дар як ҳолат як зан даст ба чунин амали нангин задааст.
Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитисия муайян карда шуд, ки зани 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан, санаи 11-уми марти соли 2024, тахминан соати 14:00 дар ҳудуди деҳаашон бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайби зани 65-солаи ҳамдеҳааш ҳамёни ӯро, ки дар дохилаш 12 ҳазору 600 сомонӣ (баробари тақрибан 1150 доллар) буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитисия муайян карда шуд, ки марди 39-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамроҳи хешовандаш, марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур, шаби 9 ба 10-уми марти соли 2024, тахминан соати 21:00 бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо молу ашёи рӯзгор, либос ва матоъи занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 27 ҳазору 950-сомонӣ, ё тақрибан 2500 долларро ташкил медиҳад.
Тафсилоти дигари ин ду ҳодиса дастрас нест. ВКД гуфт, дар робита ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ бар асоси моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба муттаҳамон бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 21 ҳазору 319 ҷинояти соли 2023 дар ин ҷумҳурӣ сабтшуда, 4241 ҷинояташ, яъне ҳар ҷинояти панҷум дуздӣ будааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5240 дуздӣ сабт шуда буд, ки қариб чоряки ҷамъи ҷиноятҳои солро ташкил медод.
Аммо омори расмӣ ҳамаи дуздиҳои дар кишвар содиршударо дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон муроҷиат ба мақомотро бесамар дониста, ё худашон мустақилона дар пайи ҷустуҷӯи дузд мешаванд ваё ба Худо ҳаволааш мекунанд.
Моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои дуздӣ вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ва оқибатҳояш аз 2 то 12 соли зиндонро муқаррар кардааст.