ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЗАНУ ШАВҲАРИ РОҲИИ ДУШАНБЕ ДАР ФУРУДГОҲИ ЧЕЛЯБИНСК БО 4 МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ НАҚД (АКС)

Боҷхонаи минтақаи Урали Русия рӯзи 12 марти соли 2024 хабар дод, ки кормандони боҷхона дар фурудгоҳи Челябинск аз кӯшиши ба Тоҷикистон бурдани 4 миллион рубл пули нақд пешгирӣ кардаанд. Бино ба хабари нашршуда, ин маблағи бузурги баробари 43 ҳазору 600 долларро кормандони боҷхона аз бағочи зану шавҳаре, ки бо ҳавопаймои Челябинск–Душанбе парвоз мекарданд, пайдо кардаанд.


“Мусофирон намедонистаанд, ки бояд маблағҳои пулии нақди аз 10 ҳазор доллари Амрико бештарро дар боҷхона эъломия карда, нишон диҳанд. Нисбат ба мусофири мард бар асоси моддаи 16.4 Кождекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия парвандаи маъмурӣ тартиб доданд. Маблағи тибқи қонун мумкинро ба ин шаҳрванд ва ҳамсари ӯ баргардонданд, вале маблағи боқимондаро то қарори додгоҳ аз онҳо гирифтанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Тафсилоти дигар оварда нашудааст. Худи ин зану шавҳар, ки бо чунин пули зиёд дар фурудгоҳи Челябинск ба даст афтоданд, барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Тибқи қонун, мақомоти боҷхона бояд наздики 2 миллион рублро, ки ҳаққи бароварданашро доранд, ба ин мусофирон баргардонда, беш аз 2 миллиони дигарашро бигиранд.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин мавриди бо маблағҳои бузург дар фурудгоҳҳои Русия ба даст афтодани мусофирони роҳии Тоҷикистон аст. Хадамоти матбуоти боҷхонаи минтақаи Сибири Русия рӯзи 11 марти соли 2024 хабар дода буд, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳи “Толмачёво”-и шаҳри Новосибирск аз як кӯшиши ба Тоҷикистон бурдани 1,8 миллион рубл пули нақд пешгирӣ кардаанд. Бино ба ин манбаъ, шаҳрванди 29-солаи Русия, ки аз фурудгоҳи “Толмачёво” ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, аз “роҳрави сабз” мегузашт. Бо интихоби “роҳрави сабз” мусофирон эълом мекунанд, ки бо худ чизе барои дар боҷхона нишон додан надоранд.

Вале кормандони боҷхона бо кумаки саги бӯгирашон муайян карданд, ки ин мусофир дар бағочи худ маблағи бузурги пули нақдро бурда истодааст. Тафтиши бағоч нишон дод, ки ӯ бо худ 1 миллион 800 ҳазор рубл ва 101 доллар доштааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки “азбаски пулҳои нақди тибқи қурби расмӣ аз 10 ҳазор доллари Амрико бештар бояд ҳатман эъломияи гумрукӣ карда шаванд, 897 ҳазору 200 рубл аз пулҳое, ки ин мусофир бурданӣ буд, ғайриқонунӣ буд”.

Дар натиҷа 903 ҳазор рубл ва 101 долларро ба мусофир баргардонда, боқимонда пулҳои ӯро гирифтаанд ва нисбат ба ӯ парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба ӯ барои кӯшиши ба хориҷи Русия бурдани маблағи бузурги пули нақд ҷаримаи ҳангуфт таҳдид мекунад. 897 ҳазор рубли аз ӯ гирифташударо низ метавонанд ба фоидаи давлат мусодира кунанд.

Моддаи 16.4 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия барои бидуни эъломия аз марзи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) берун бурдани маблағи аз меъёр бештар ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 50% то ду баробари маблағи ёфтшуда ваё мусодираи ин маблағи ёфтшударо пешбинӣ мекунад.

Ҳукумати Русия дар пайи эъмоли таҳримҳои сангини байнмалмилалӣ баъди ҷанги зидди Украина интиқоли пул ба хориҷи ин кишварро таҳти назорати шадид гирифта, хеле маҳдуд кардааст. Ҳоло аз Русия баровардани маблағи беш аз 10 ҳазор долларро комилан манъ кардаанд.

Берун баровардани пули нақд бо рубли русӣ маҳдуд нашудааст, вале дар сурати баровардани маблағи тибқи қурби расмӣ аз 10 ҳазор доллари Амрико бештар бояд соҳиби пул эъломия пур кунад. Дар сурати бо худ бурдани маблағи тибқи қурби расмӣ беш аз 100 ҳазор доллар, шаҳрвандон бояд дар баробари эъломияи ба кормандони боҷхона ҳамчунин санадҳо дар бораи манбаи расмии ин пулҳои бо худ доштаашонро нишон бидиҳанд.

Айни талабот барои асъори хориҷӣ пешбинӣ шуда буд, вале президенти Русия рӯзи марти соли 2022, дар пайи шурӯи ҷанги зидди Украина бо имзои як фармон аз кишвараш баровардани асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 10 ҳазор долларро комилан манъ кард.

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик пулҳои бо азоб дар муҳоҷират кор кардаашонро ба сурати нақд ба Ватан меоранд.  Аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунем, ки ҳангоми аз Русия баровардани пули нақд хеле эҳтиёт  ва тибқи қонун кунанд, то ки пулҳои бо ин қадар азобу машаққат дар мулки ғурбат бадастовардаашон мусодира нашавад. Пур кардани эъломияи гумрукӣ комилан бепул аст ва дар сурати пур кардани он касе ҳаққи мусодираи пули шуморо надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button