ВидеоТоҷикистон

ТАЛАБИ ЗИНДОНИ УМРБОД БАРОИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” ВА ҚАМАР АЗИЗОВ

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парвандаи қатли бонкдори шинохта, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев барои 4 айбдоршавандаи асосӣ дар ин парванда, аз ҷумла барои корманди собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”,  ва Қамаруззамон (Қамар) Азизов, соҳибкор ва амакбачаи овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” ҳабси умрбод талаб кардааст.

Дар ин бора рӯзи 12 марти соли 2024 радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) бо такя ба манобеи худ хабар дод. Як манбаи огоҳ аз ҷараёни парванда гуфтааст, ки дар умум додситон барои чор гумонбар ҳабси якумрӣ ва барои даҳ нафари дигар аз 3 то 14 сол зиндон хостааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, сабаби барои бархе ҳамагӣ чанд соли зиндон хостани додситон ин буд, ки на ҳамаи 14 айбдоршаванда ба даст доштан дар куштори муовини аввали раиси “Ориёнбонк” муттаҳам мешаванд, бархе аз муттаҳамон танҳо ба ҳамдастӣ ё мусоидат ба ин ҷиноят, аз ҷумла ба хабар надодан ба мақомот айбдор мешаванд.

Манбаи дувум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам тасдиқ кардааст, ки “баъд аз талаби додситон, додрас ба хонаи машваратӣ рафт” ва “рӯзҳои наздик ҳукми додгоҳ нисбат ба 14 нафар содир мешавад”.

Ҳанӯз маълум нест, ки ба ғайр аз Дилшоди Красавчик ва Қамар Азизов, боз ду нафари дигаре, ки барояшон ҳабси абад хостаанд, киҳоянд?

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2023 ба муҳокимаи парвандаи пурсарусадои рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев оғоз кард. Ин мурофиа пушти дарҳои баста дар дохили  боздоштгоҳ, ё СИЗО №1 идома дорад.

 “Дилшоди Красавчик”  аз сӯи тафтишот саркардаи гуруҳи одамрабоён ва Қамар Азизов фармоишгари рабудан ва қатли Исматуллоев шумурда мешаванд. Қамар Азизов билофосила баъди кушта шудани Исматуллоев дар поёни моҳи июни соли 2023 дастгир карданд, вале “Дилшоди Красавчик”, ки чандин моҳ дар Русия дар ҳоли фирор ба сар бурд, дар аввали моҳи октябри соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Одамрабоён шоми 23 июни соли 2023 Исматуллоевро аз назди хонааш дар маҳаллаи 8 Марти пойтахт ба мошин бор карда, ба як манзили  аз қабл иҷорагирифта дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта, фирор кардаанд.

Ба ҳисоби тафтишот, дар ин ҷиноят 18 нафар даст доштанд. Аз ин шумор 14 нафараш ба додгоҳ эҳзор шуда, Фирӯз Мӯминовро ахиран дар Амрико дастгир карданд ва Алишер Бойтуров ба Лаҳистон (Полша) фирор кардааст. Аммо Рустам Ашӯров дар фурудгоҳи пойтахти Молдова дар пайи қатли ду афсари молдован кушта шуд. Боз як муттаҳами дигар дар боздоштгоҳи Душанбе ҷон додааст.

Дар чанд видеои бозпурсиаш, ки нусхаҳояш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, “Дилшоди Красавчик” баёнот дод, ки аз байн бурдани Исматуллоевро ба онҳо шарики ин бонкдор дар тиҷорати хонасозӣ Қамар Азизов, амакбачаи овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” фармоиш додааст. Ӯ ҳамчунин баёнот дод, ки гӯё Қамар Азизов аз онҳо аз байн бурдани вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабирро ҳам хоста буд ва гӯё гуфтааст, ки “Шералӣ аз Шуҳрат ҳам пули зиёдтар дорад”.

Ба гуфтаи як нафари наздик ба Қамар Азизов, ӯ ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо “Дилшоди Красавчик” даст доштанаш дар рабудани Шуҳрат Исматуллоевро рад карда, туҳмат номидааст. Ин манбаъ баъдан ба “Бомдод” хабар дод, ки “Дилшоди Красавчик” дар додгоҳ низ аз баёноти аввалаш даст кашида, гуфтааст, ки Қамар Азизов аз кори онҳо хабар надошт. “Агар вай хабар меёфт, даҳонашро қапида наметавонист ва тамоми ҷумҳурӣ хабар меёфт”, – гуфтааст “Дилшоди Красавчик”.

Аммо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврал дар нишасти хабариаш гуфт, қатли Шуҳрат Исматуллоев ба тиҷорати муштараки ӯву Қамаруззамон Азизов: сохтмони бинои баландошёна дар кӯчаи Пушкин, 46 дар маркази шаҳри Душанбе рабт дошт.

Ӯ гуфт, Қамаруззамон Азизов соли 2017 ҶДММ “Иқбол 2017”-ро таъсис дода, аз Шуҳрат Исматуллоев барои сохтани ин бино ҳамчун шарики тиҷоратӣ марҳила ба марҳила 2 миллиону 662 ҳазор доллар сармоя гирифтааст ва дар иваз 70 дарсади саҳмияҳои ширкаташро ба номи Исматуллуоев гузарондааст. Шоҳиён гуфт, баъди анҷоми сохтмони бино ва ба фурӯш гузоштани мағозаву манзилҳои истиқоматӣ 54 млн сомонӣ бояд ба Шуҳрат Исматуллоев дода мешуд.

Шермуҳаммад Шоҳиён

“Азизов аз бастани чунин шартнома ва дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтанаш норозӣ гардида, барои минбаъд иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ қасди одамрабоӣ, роҳзанӣ ва куштори Шуҳрат Исматулооевро ба нақша мегирад”, – гуфт раиси Додгоҳи олӣ ва афзуд, Азизов дар як вохӯрӣ ба Дилшод Саидмуродов  маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули хоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, нақша кашидаанд, ки Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷиноят Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, – гуфт Шоҳиён.

Ӯ афзуд, “ба ин пешниҳод Дилшод Саидмуродов ҳамчун зархарид розӣ шуда, гурӯҳи муташаккили устувор ва муттаҳидро ташкил дода, ба он Ашӯров Рустам, Хӯҷаев Шоҳрух, Сафаров Бахтовар, Тоштемуров, Бойтуров, Ҳамидовро ҳамчун иҷрокунандаҳои бевосита ва Ахмедов Акбарро ҳамчун ёрдамчӣ ҷалб мекунад”.

Бино ба нақли Шоҳиён, нақшаи аз байн бурдани Исматуллоев ҳанӯз соли 2021 кашида шуда, моҳи декабри соли 2021 Дилшод Саидмуродов ҳамроҳи Ахмедов аз Маскав барои таъмини гурӯҳи муташаккил 5 ҷуфт либосҳои махсуси низомӣ, силоҳи пневматикии тамғаҳои Калашников ва Макаров, дрон, мавҷпахшкунак, электрошокер, дурбин, лазер, чӯбдаст, ниқоб ва шаш адад рақамҳои қалбакии мошинро харида, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Дар айни замон, “барои изи ҷинояти худро нагузоштан, Бойтуров ба номи оворагардону лӯлитаборони вилояти Хатлон симкортҳои мобилӣ харидорӣ карда, минбаъд танҳо аз ин рақамҳо истифода кардаанд”, – нақл карда буд Шоҳиён.

Шаби 23 июни соли 2023 баъди онки Исматуллоевро рабуда, ба Шодоба бурданд, дар хонаи иҷора гирифтаашон “либосҳояшро кашида, ба курсӣ шинонида, ба дасту пои Исматуллоев завлона мезананд. Сипас, бо шиканҷа додан рамзҳои махсуси ҳамёнҳои криптовалюта доштаи телефони бонкдори тоҷикро гирифта, тафтиш мекунанд, аммо дар он маблағ пайдо намекунанд. Аз ин рӯ, такрор ба такрор барои муайян кардани ҳамёнҳои дигар ва маблағи нақдиаш, бо истифода аз лазер ва автофен бадани бонкдорро сӯзонида, бо қувваи барқи электрошоккер ӯро шиканҷа мекунанд… пас аз пайдо накардани маблағ, бо супориши Қамаруззамон Азизов ин гурӯҳ узвҳои ҳаётан муҳими Шуҳрат Исматуллоевро сӯзонида, ӯро ба қатл мерасонанд. Рустам Ашӯров, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хоҷаев ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро ба бағоҷи мошин бор карда, онро дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ба дарё мепартоянд…”

Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ  рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо карда, рӯзи 30 август баъди анҷоми ташхисҳои ДНК, аз ҷумла дар як ташхисгоҳи Маскав, дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button