ҚАЛЛОБӢ БО 32 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛИ АРМАТУРА ВА ДУЗДИИ АСП ДАР ЁВОН
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 12 марти соли 2024
Қаллобии сокини 55 солаи шаҳри Ҳисор
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020, дар кӯчаи Абдуллобекови шаҳри Душанбе, марди 55-солаи сокини шаҳри Ҳисор, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 32 ҳазор доллари амрикоӣ масолеҳи сохтмонии «арматура» гирифта, ваъда додааст, ки маблағи мазкурро дар муддати кӯтоҳ бар мегардонад, аммо бо гузашти инак беш аз 3 сол то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дуздии асп аз хоҷагии деҳқонӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми марти соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хоҷагии деҳқонии ба номи “Астанаева Меҳрӣ”, 1-сар аспро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 34-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ки пеш бо моддаи 245-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасарруфи маблағҳо ва исрофкорӣ суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.