ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҲАБСИ РАҲБАРОНИ 2 МАРКАЗИ ДИЛХУШӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАРТИБОТ

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон шоми 11 марти соли 2024 аз 5-шабонарӯзӣ ҳабс шудани Муминов Ҷовид ва Давлатов Шарифҷон, роҳбарони марказҳои дилхушии “РМС” ва “Ориён” дар шаҳри Бохтар барои вайрон кардани тартиботи шабона хабар дод. Ба дари ҳарду маркази дилшухӣ муҳр зада, фаъолияти онҳо қатъ карда шуд, вале роҳбарони ин ду марказ фардояш муҳри мақомотро канда, ба фаъолияти худ боз давом доданӣ шудаанд.

 Ҳабси Муминов Ҷовид ва Давлатов Шарифҷон ва манъи фаъолияти 2 маркази дилхушии зери идораи онҳо дар ҳолест, ки аз сокинони Бохтар ва навоҳии атрофи он, аз ҷумла Вахшу Кӯшониён, солҳои охир дар бораи афзоиши беш аз ҳадди шумораи клубҳои шабона ва бо мусиқии гӯшхарош ва доду фарёду муноқишаву занозаниҳои пайваста миёни муштариёнашон хобу истироҳат ва оромии шаҳрвандонро дағалона вайрон кардани ин марказҳои дилхушӣ шикоятҳои фаровон ба даст мерасид.

Милитсияи Хатлон мегӯяд, бо вуҷуди таъкидҳои ҳамешагӣ ҷиҳати риояи одоби шаҳрдорӣ, иҷрои қоидаю тартиби реҷаи корӣ ва халалдор насохтани оромии шаҳрвандон, мутаассифона,  ҳамоно ҳастанд баъзе аз роҳбарону кормандони марказҳои хизматрасонӣ, ки дидаю дониста муқаррароти мазкурро вайрон намуда, боиси вайрон намудани тартиботи ҷорӣ дар қисмати шабона мегарданд.

Худи Муминов Ҷовид ва Давлатов Шарифҷон ва дигар масъулони марказҳои дилхушии басташуда барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, шаби 7-уми марти соли ҷорӣ, соати 23.00, зимни баргузории як чорабинии мақсаднок муайян карда шуд, ки масъулони марказҳои дилхушии «РМС» ва “Ориён”-и шаҳри Бохтар тартиботи реҷаи кориро дар вақти шабона вайрон намуда, оддитарин талаботҳои қонунгузориро риоя намекунанд. Бино бар ин, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ намудани ҳуҷҷатгузорӣ фаъолияти марказҳои дилхушӣ қатъ карда шуда, ба дари онҳо мӯҳр зада шуд.

Дар идомаи чорабиниҳои санҷишӣ ҳамчунин муайян гардидааст, ки бо гузашти як шабонарӯз масъулини марказҳои дилхушии болозикргардида ба ҷои ислоҳи камбудиҳо худсарона дарҳои мӯҳрбандишударо кушода, новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома додаанд.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрвандон:

Муминов Ҷовид Ҳамидович санаи таваллудаш 13.07.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сино, роҳбари маркази дилхушии «РМС»-и шаҳри Бохтар;

Давлатов Шарифҷон Умедҷонович санаи таваллудаш 31.12.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, маъмури маркази дилхушии “Ориён” протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳи шаҳри Бохтар ирсол карда шуд.

Санаи 11 марти ҷорӣ додгоҳи шаҳрӣ дар навбати худ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти марказҳои дилхушӣ аз рӯи талаботи қонунгузорӣ нисбати ҳар кадоми онҳо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.

Бисёриҳо дар зери ин хабар ба раҳбарони кунунии милитсияи Хатлон изҳори ташаккур карда, навиштаанд, ки дар даврони беқонунӣ, ки маҳсули кори раҳбарони қаблии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят буд, клубҳои шабона дар ин минтақа мисли занбурӯғҳои баъди борон зиёд шуда буданд ва касе ҷуръати бо соҳибони ин марказҳои дилхушӣ тую ман кардан надошт.

Муминов Ҷовид
Давлатов Шарифҷон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button