ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҚАРОТОҒ ВА ДУЗДИИ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ СӮИ 3 НАВРАС ДАР ХУРОСОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 7 марти соли 2024

Садамаи нақлиёти марговар

53

Шоми 5-уми марти соли 2024, тахминан соати 19:20, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Холов Акбаршо Алиҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаркат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, бо қисмати пеши мошин пиёдагард, Тураев Толиб Тошмаҳмадович, соли таваллудаш 1959, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард, Т. Тураев ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Холов А,А ҳаракати хатарнокро давом дода, ба мошини тамғаи “Опел-Зафира”, таҳти идораи Раҳимов Наҷмиддин Ҳамроқулович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.

Оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барои маълумот: Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохт, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Дуздии маблағ аз ҷониби ноболиғон

72

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза зани 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми марти соли 2024, тахминан соати 10:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 20 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 15, 13 ва 14 -солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button