ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ФУРӮ РЕХТАНИ ТАРМАҲОИ НАВ ДАР РӮЗҲОИ 7-8 МАРТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро ҳушдор дод, ки бино ба пешбини ҳавошиносон, рӯзҳои 7 ва 8 марти соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи марказ, роҳи Душанбе – Хуҷанд ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабари баланди фурӯ рехтани тармаҳо боқӣ мемонад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хостааст, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои бидуни зарураташон аз тариқи роҳҳои кӯҳистонро ҳадалимкон маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҳезумчинӣ ва шкору моҳигирӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ биварзанд ва ҳангоми истифодаи бухорӣ (печка) ва дигар дастгоҳҳои гармидиҳанда қоидаҳои зидди сӯхторро қатъиян риоя кунанл.

Кумита гуфт, барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва расондани кумаки оҷил дар ҳолатҳои фавқулодда дар чанд қитъаи роҳи Душанбе-Айнӣ- Хуҷанд аз ҳисоби наҷотбахшони ин ниҳод посгоҳҳои сайёр ташкил карда шудаанд.

Кормандони Кумтитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамроҳ бо намояндагони вазорати нақлийт ва вазорати корҳои дохилӣ дар дигар роҳҳои кӯҳистонии ҷумҳурӣ низ навбатдорӣ мекунанд.

Кумита гуфт, ин чораҳо дар давраи баланд будани хатари ҳодисаҳои фавқулоддае, ки сардию барфрезӣ ба ҳамроҳ доранд, зарур мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ширкати  IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе – Айнӣ – Хуҷанд – Чаноқ, рӯзи 7 марти соли 2024 хабар дод, ки “ҳарчанд бориши барф дар ин шоҳроҳ беист ва пуршиддат аст”, ин ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон кушода буда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин мебошад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button