ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР УФА ЯК ТОҶИК АЗ ҚАБАТИ 9-УМИ БИНО АФТОДУ ЗИНДА МОНД

Раёсати ҳимояти мулкии шаҳри Уфа дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” дар бораи як ҳодисаи ба таври мӯъҷизаосо аз қабати 9-уми бино афтодану зинда мондани як нафар хабар дод. Ин нафаре, ки Худо умри дуборааш дод, як муҳоҷири 33-сола аз Тоҷикистон будааст.

Бино ба гузориши раёсати ҳимояти мулкии шаҳрии Уфа, ҳодиса рӯзи 2 марти соли 2023 дар як бинои сохтмонаш ҳанӯз нотамом дар кӯчаи Новосели дар касаба ё микрорайони Инорси пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия рух додааст.

Гуфта мешавад, коргари ширкати сохтмонӣ бо зинапоя боло мебаромад, вале тасодуфан пешпо хӯрда, аз қабати нӯҳуми бино афтид. Хушбахтона, ӯ ба замин наафтод, балки дар қабати шашуми бино дармонд ва ҳамин сабаби наҷоташ аз марги ногузир гардид.

Ба ҷои ҳодиса наҷотбахшон аз раёсати ҳимояти мулкии шаҳрии Уфа омада, ба муҳоҷири тоҷик дар ҷои дармондааш кумаки тиббии аввалия расонданд ва сипас ӯро бо занбар пойин оварда, ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” савор карданд.

Гуфта мешавад, табибон муҳоҷири тоҷикро ба бемористон бурда, хобондаанд. Дар бораи вазъи саломатии ӯ ва чӣ ҷароҳатҳое бардоштанаш ягон маълумот дода нашудааст.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор бо маоши беҳтар ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол аз кишварҳои дигар, асосан аз Русия, ва асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон чанд миллиард доллар пул фиристода мешавад. Пулҳои фиристодаи муҳоҷирон як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Ва аммо муҳоҷират балоҳое низ бо худ дорад. Ҳар сол чандин ҳазор аз муҳоҷирони тоҷик дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ асосан ба иллати садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кору маҳалли зисташон  ҷароҳат мебардоранд ва ҳар сол то ҳазор нафар аз муҳоҷирбачаҳои тоҷик дар мулки ғурбат ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯзи муҳоҷират ҷони то се муҳоҷирбачаи тоҷикро мегирад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button