ВидеоТоҷикистонҶомеа

ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ МУЗАФФАР ДАВЛАТОВ ВА ҲАМСАРУ 4 ФАРЗАНДИ Ӯ (ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА)


Марги Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор кӯдакаш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе наздиконро дар мотам нишонд. Бахусус писари хонадонро, ки зинда мондааст. Мақомот гуфтанд, шаш нафар аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Баъзе аз ҳамсояҳо ва наздикон тафсилоти ҳодисаро нақл карданд.  

Он шаб чӣ гузашт?

Шаби 27 ба 28-уми феврали соли 2024. Ҳаво дар Душанбе сард буд. Дар баъзе аз минтақаҳои пойтахт, аз ҷумла маҳаллаи “Гравзавод”-и ноҳияи Фирдавсӣ, барқ хомӯш шуд.

Хонаи Музаффар Давлатов, ки пештар бо барқ гарм мешуд, он шаб сард монд. Аҳли оила маҷбур шудаанд, барои гарм кардани хона сандалӣ гузоранд. Ба нақли ҳамсояҳо ва наздикон, онҳо дар тағорае оташ рӯшан карда буданд, вале то субҳ нарасиданд. Музаффар Давлатов, ҳамсараш ва чор фарзанди хурдсоли онҳоро мурда ёфтанд.

Аловиддин Саймуъминов, сокини маҳаллаи “Гравзавод”-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, яке аз аввалин шоҳидони ҳодиса будааст. Мегӯяд, ҳангоме ки вориди манзил шуданд, ду наврас дар як тараф ва Музаффар бо ҳамсару фарзанди дигараш дар тарафи дигар хобида буданд.

“Ҳамсояҳо гуфтанд, ки бардоред ба беморхона мебарем. Як фарзандашро бардоштам, ки баданаш карахт шудааст. Дар миёни хона як тағора дидам, ки дарунаш хокистар дошт. Намедонам хокистари чӣ буд, дигар аҳамият надодам,” – нақл кард ӯ.

Музаффар Давлатов аз соли 2018, дар маҳаллаи “Гравзавод”-и Душанбе зиндагӣ мекард. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд буд. Чор нафарашон шаби 27 ба 28-уми феврал ҳамроҳи падару модар фавтиданд. Абубакр, писари калони хонавода, ҳамроҳи волидони Музаффар дар хобгоҳе дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Аз ин хонавода танҳо ӯ дар ҳаёт монд. Абубакр ҳоли гап задан надорад, чун дар як шаб падару модар ва чор додару хоҳарашро аз даст дод.

Ангишт ё ҳезуму “резина”?

Бозоралӣ Латифов, падари Музаффар Давлатов мегӯяд, як шаб пеш аз ҳодиса ба писараш занг зада, гуфтааст, ҳамсару кӯдаконашро гирифта ба назди ӯ ояд. Аммо Музаффар Давлатов рад карда, гуфтааст, “дар хона лахча рӯшан мекунад, то фарзандонаш хунук нахӯранд. Падараш мегӯяд, Музаффарро аз ин кор манъ кард.

“Гуфтам, ки сандалӣ накун, ту ҷойи печка дорӣ, ҳезум дорӣ, хона биё, саҳарӣ рафта печката мегузорем. Аммо гуфт, ки агар ба хонаи ман биёяд, зуком аз фарзандони ӯ ба кӯдакони дигар мегузарад. Саҳар хеста чанд маротиба ба писарам ва келин занг задам, ҷавоб надоданд,” – гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Зангҳои пайиҳами Бозоралӣ ба писару келинаш беҷавоб монд. Ҳамсояҳо субҳи 28-уми феврал тирезаро шикаста, ба хона даромаданд ва Музаффар Давлатову, ҳамсар ва чор фарзандашро ба беморхона бурданд. Дигар дер шуда буд.

Бозоралӣ Латифов, падари Музаффар Давлатов, мегӯяд, писараш шаби ҳодиса сандалӣ карда, аммо тағораро на дар зери миз, балки дар болои он мондааст. “Як қисми миз сӯхтааст. Агар тағораро дар зери миз монда, дар болояш кӯрпа мемонданд, шояд ин ҳодиса рух намедод. Гармиаш барояд гуфта, дар болои миз мондаанд,” — мегӯяд Латифов.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, Музаффар Давлатов ва хонаводааш аз дуди ангишт фавтиданд. Аммо наздикони марҳум фарзияи дигар доранд ва мегӯянд, онҳо дар тағора чӯб ва резина рӯшан карда буданд. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, кормандони мақомот омада буданд. Аммо натиҷаи таҳқиқи марги аъзои ин хонавода эълон нашудааст.

“Пештар соҳибкорӣ мекард, вале…”

Музаффар Давлатов 38 сол дошт. Ба гуфтаи наздиконаш пештар соҳибкорӣ мекард, вале ду соли охир ба Русия мерафт. Ду се моҳи ахир бекор буд.

Ин бори аввал нест, ки дар рӯзҳои сарди сол, сокинон аз дуди ангишт мефавтанд. Моҳи декабри соли 2023 се узви як оила, аз ҷумла як кӯдак дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.

Дар оғози соли гузашта дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон бар асари дуди ангишт дар дохили ҳаммом ҷон додаанд. Сокинони Тоҷикистон дар тирамоҳу зимистон барқи доимӣ надоранд ва маҷбуранд барои гарм кардани хона аз ангишт истифода баранд. Аммо ин усули гармкунии хона, барои бархе бо қимати ҷонашон тамом мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button