ВидеоИқтисодТоҷикистонҶомеа

ДУШАНБЕ 3 СОАТ БЕ БАРҚУ ОБУ ГАРМӢ МОНД: САДАМА Ё КОРШИКАНӢ БА ЗИДДИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ?

Рӯзи 1 марти соли 2024, соати 11:10, бархе аз қисматҳои шаҳри Душанбе бидуни нирӯи барқ монд. Сокинон ҳамзамон аз қатъ шудани обу гармӣ, алоқаи мобил ва интернет шикоят карданд.

Мақомот сабаби ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд, вале як манбаи “Азия Плюс” гуфтааст, ки дар яке аз зеристгоҳҳои нирӯгоҳи Норак садама рух додааст. Вале ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки маълумоти ин манбаашро тавассути манобеи дигар ҳанӯз тасдиқ карда натавонистааст.

Вале яке аз ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар мақомоти ҳукуматӣ истисно накард, ки якбора қатъ шудани ҳам барқу ҳам обу ҳам гармӣ дар чунин як рӯзи сарду пурбарф метавонад амали барқасдона ҳам бошад, то ки, ба гуфтаи ӯ, “ба обрӯи шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ зарба бизананд. Махсус дар рӯзҳое зарба бизананд, ки гуфтугӯҳо дар бораи аз президент Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустам супурдани курсии раҳбари аввал дигарбора зиёд шудааст”.

Дар бораи набуди барқ рӯзи 1 март аз дигар шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла аз Хуҷанд низ хабарҳо ба даст расиданд.

Мушкили барқу обу гармӣ дар пойтахт дар ҳолест, ки рӯзи 1 март ҳарорати ҳаво дар Душанбе -1 дараҷа сард буд ва барф меборид. Ҳарорат, ҳамин тавр, имрӯзҳо дар аксари манотиқи Тоҷикистон сарду манфист. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, боридани барф дар Тоҷикистон метавонад то 3 март давом кунад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” хабар дод, ки қатъшавии барқ дар Душанбе ҳанӯз аз соати шаши субҳи 1 март оғоз ёфт, вале миқёси бебарқӣ баъди соати 11:10 густарда шуд ва дар бисёре аз хонаҳо шабакаи гармидиҳӣ низ аз кор баромад.

Яке аз хонандагони “Спутник”, ки сокини маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе будааст, нақл кардааст, ки аз соати шаши субҳ барқ надоранд ва рӯзи 29 феврал низ 6 соат барқ надоштанд.

“Касе ки мошин дорад, дар мошинҳояшон худро гарм мекарданд “, – нақл кардааст ӯ.

Яке аз хонандагони “Бомдод”,ки дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, хабар дод, ки онҳо нирӯи барқ доштанд, вале шабакаи гармидиҳиашон кор намекард. “Аз афташ, истгоҳе, ки ба мо гармӣ медиҳад, бебарқ монда, аз кор баромадааст”, – тахмин зад ӯ.

Бино ба охирин хабарҳо, интиқоли барқро дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе танҳо баъди се соат, тақрибан аз соати 14 аз сар гирифтаанд.

Қатъ шудани интиқоли барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран бо вуҷуди барфу боришт ва сардии фавқулодда қадами номубораки лимити барқ то ба шаҳрҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла то пойтахт, шаҳри Душанбе низ расид. Дар деҳот лимити барои чандин соли охир шадидтарин ҳанӯз аз поёни моҳи сентябри соли 2023 ҷорӣ карда шуда буд. Сокинони Душанбе мегӯянд, лимити барқ зиндагии онҳоро дар биноҳои баландошёна тоқатфарсо карда, хонаҳояшонро амалан ба “яхдони бетонӣ” табдил додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button