ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОРИДАНИ БАРФ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 3 МАРТ ДАВОМ МЕКУНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти ҳавошиносон, аз 1 то 3 марти соли 2024 дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво пойин рафта, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳдоман ҳарорати ҳаво аз 0 то -5 дараҷа сард ва дар ноҳияҳои кӯҳистон аз -8 то -13 дараҷа сард хоҳад шуж. Рӯзҳои 1-3 март дар бархе манотиқи Тоҷикистон барфи шадид пешбинӣ карда мешавад. Дар бархе ноҳияҳои водию кӯҳдоман ва дар ағбаҳо рӯзҳои 1-5 март туман фаромада, дар роҳҳо ҳамчунин яхбандон пешбинӣ карда мешавад.

Ба далели боришот рӯзҳои 1-4 март дар ноҳияҳои кӯҳистони тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаҳои нав ва сангрез побарҷо боқӣ мемонад.

Тармаву сангрез офатҳои табиии хатарнок ба шумор мераванд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 335 тарма ва 48 ярчу сангрез сабт шуда, чандин нафар дар ин офатҳо куштаю захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, обу ҳавои номусоид ҳамчунин барои равуои нақлиёт, анҷоми корҳои деҳқонӣ ва соҳаҳои алоқаву энергетика ва хоҷагии коммуналӣ мушкилоти зиёд ба вуҷуд меорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки обу ҳавои номусоид метавонад боиси канда шудани хатҳои барқ ва бомҳои хонаҳо, афтидани дарахтон ва баннерҳои тарғиботӣ шавад. Ба ин далел аз сокинон хоста шудааст, ки ҳангоми дар кӯча қарор доштанашон, аз хатҳои барқ, дарахтҳо ва баннерҳои тарғиботтӣ ҳадалимкон дуртар биистанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки тамоми чораҳои бехатариро риоя кунанд ва дар ин рӯзҳо аз рафтан ба ҳезумчинӣ, моҳигирӣ, шикор ва чаронидани чорво дар минтақаҳои офатзову хатарнок худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз ронандагон хостааст, ки пеш аз сафар дар бораи вазъи хатти сайри худ маълумоти комил ба даст оварда, воситаҳои нақлиёти худро бо васоили лозим барои сафар дар шароити пурбарф ва яхбандон таъмин карда, қоидаҳои роҳро бекамукост риоя кунанд ва ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои тармахез техникаи бехатарӣ, ҳамчунин суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумита аз ҳама хостааст, ки дар сурати дучор шудан ба ҳолатҳои фавқулодда бо ин рақамҳо тамос бигиранд:

 112 ё (+992) 93 880 28 19 ваё (+992 37) 223 13 11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button