ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТО 4 МАРТ ДАР КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ХАТАРИ ТАРМАҲО ПОБАРҶО БОҚӢ МЕМОНАД, ҲУШЁР БОШЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро аз хатари селу тармаҳои нав дар 4 рӯзи аввали моҳи март ҳушдор дод ва аз ҳама хост, ки дар ин рӯзҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва ба маҳалҳои офатзо сафар накунанд.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки бар асоси пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 1-4 марти соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистони тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаҳои нав ва сангрез побарҷо боқӣ мемонад.

Тармаву сангрез офатҳои табиии хатарнок буда, соли 2023 дар Тоҷикистон 135 тарма фурӯ рехта, боиси зери барфи тарма мондани чандин нафар шудааст.

Кумита ҳамчунин ҳушдор дод, ки ба далели боришоти зиёд эҳтимоли яхбандон ва ҷамъ шудани ғарами барф дар ноҳияҳои Бадахшон, қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе – Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб пешбинӣ карда мешавад.

Дар робита ба бад шудани вазъи обу ҳаво, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки тамоми чораҳои бехатариро риоя кунанд.

Аз сокинон хоста мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба ҳезумчинӣ, моҳигирӣ, шикор ва чаронидани чорво дар минтақаҳои офатзову хатарнок худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз ронандагон хостааст, ки пеш аз сафар дар бораи вазъи хатти сайри худ маълумоти комил ба даст оварда, воситаҳои нақлиёти худро бо васоили лозим барои сафар дар шароити пурбарф ва яхбандон таъмин карда, қоидаҳои роҳро бекамукост риоя кунанд ва ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои тармахез техникаи бехатарӣ, ҳамчунин суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумита аз ҳама хостааст, ки дар сурати дучор шудан ба ҳолатҳои фавқулодда бо ин рақамҳо тамос бигиранд:

 112 ё (+992) 93 880 28 19.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button