ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБИИ ҶАВОНЗАН БО 60 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛИ “МЕРСЕДЕС”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29 феврали соли 2024

Қаллобии зан дар Душанбе

15

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда, санаи 30-юми сентябри соли 2023, дар кӯчаи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 21-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад мошини тамғаи «Мерседес Бенс ҶЛЕ », ки арзишаш 60 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ваъда медиҳад, ки пули мошинро дар муддати як моҳ пардохт мекунад. Мутаассифона, гумонбаршаванда воситаи нақлиётро фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

198

Ба ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 9-уми феврали соли 2024, тахминан соати 09:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи «Самсунг Редмӣ» ва маблағи 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки зарари расонидашуда 4 ҳазору 435 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 61-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 12 ба 13-уми октябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Азамат”, 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда, 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Оиди ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button