ВидеоСиёсатТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 28 феврали соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои роҳабрии вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои Қувваҳои мусаллаҳ як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард. Аз ҷумла бо фармони президент, Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қушунҳои хушкигарди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ин вазифа Сафарализода Раҳмоналӣ таъйин гардид.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат, Сафарзода Ҷамшед Сафар – муовини вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ, Носирзода Одил Раҳмон – муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Раҳимзода Музаффар Анвар – муовини вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир – муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ таъйин шуда,  Шоҳиён Абдусаттор сардори Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиаи ҶТ таъйин гардид.

Ҳамин тавр, бо фармонҳои президент, Собирзода Шамсиддин Маъруф – фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоирзода Дилшод Амон – муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.

Ҳамчунин, ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони як қатор раёсату хадамоти вазорати мудофиа ва Ситоди кул, фармондеҳони баъзе қисмҳои ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд кишвари хориҷӣ, бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент,  “кадрҳои соҳибтахассуси ботаҷриба ва ҷавону корозмуда” таъйин гардиданд. Исми онҳо нашр нашудааст.

Тағйироти кадрӣ дар вазорати мудофиа ва Қувваҳои мусаллаҳ дар пайи айни тағйироти кадрӣ дар таркиби ВКД, КДАМ, Додситонии кул, Агентии мубориза бо коррупсия ва дигар ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сурат гирифт. Ин тағйироти кадрӣ баъди он буд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 январи соли 2024 дар ҷаласаи Шӯрои амният бо интиқоди тунд аз фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ тамоми сардорони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлобро бо муовинонашон аз кор ронд ва талаб кард, ки дар сохтори марказии ин ниҳодҳо низ тағйироти ҷиддии кадрӣ анҷом дода шавад.

Рӯзи 28 феврал Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Хадамоти матбуоти президент  хабар дод, ки “Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз вазъи ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, афзоиши хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар равандҳои пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯза ёдовар шуда, шахсони ба вазифаҳои пурмасъулият таъйиншуда ва ҳамаи ҳомиёни оромиву осоиши Тоҷикистони азизро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳушёрию далерӣ ва фидокорӣ дар вуҷуди муҳофизони Ватан, баланд бардоштани омодагии ҷангии Қувваҳои мусаллаҳ ва дар маҷмуъ ба таҳкиму тақвияти қудрати мудофиавии кишвар даъват кардааст”.

Эмомалӣ Раҳмон чун дар суҳбат бо кадрҳои ахиран таъйиншуда дар дигар сохторҳо, дар суҳбат бо низомиён низ бо ишора ба пешрафти бесобиқаи техникаю технологияҳои ҳарбию иктишофии муосир бори дигар таъкид кардааст, ки “хизматчиёни ҳарбӣ ва ба хусус ҳайъатҳои роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳ низ бояд ба омӯзиши амиқи ду забони хориҷӣ дар баробари забони модарӣ ва аз худ кардани техникаю таҷҳизот ва технологияи муосири ҳарбию иттилоотӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд”.

Таъиноти кадрӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ 28.02.2024

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи
зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сафарализода Р.Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарализода Раҳмонали Давлат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 феврали соли 2024
№757

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Бобозода Х.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Бобозода Хисрав Хоркаш бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 феврали соли 2024
№758

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид
ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ озод намудани Носирзода О.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Носирзода Одил Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 феврали соли 2024
№759

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи
зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Собирзода Ш.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Собирзода Шамсиддин Маъруф фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 феврали соли 2024
№760

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарализода Р.Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 феврали соли 2024
№761

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид
ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъин намудани Тоирзода Д.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Тоирзода Дилшод Амон муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 феврали соли 2024
№762

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №107
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ
озод намудани Ғуломзода А.Д.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғуломзода Абдулҳошим Даврон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №108
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ
озод намудани Ҳукмиддинзода Х.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҳукмиддинзода Хайриддин Ҳукмиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №109
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ
озод намудани Шоҳиён А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шоҳиён Абдусаттор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №110
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Донишкадаи ҳарбии
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Азиззода Ҳ.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Азиззода Ҳафиз Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №111
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори
Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидзода Б.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №112
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ
таъин намудани Носирзода О.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Носирзода Одил Раҳмон муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №113
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ
таъин намудани Сафарзода Ҷ.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Ҷамшед Сафар муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №114
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба ақибгоҳ таъин намудани Саидзода Б.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №115
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ
таъин намудани Раҳимзода М.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳимзода Музаффар Анвар муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 28 феврали соли 2024 №116
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Донишкадаи ҳарбии
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шоҳиён А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шоҳиён Абдусаттор сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button