АфғонистонВидеоКоррупсияНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР КИРМОНУ КОБУЛ ВА КӮЛОБ САБАБИ АЗ МАНСАБ РОНДАНИ РОҲБАРОНИ НИҲОДҲОИ ҚУДРАТИИ ХАТЛОНУ КӮЛОБ ШУДААСТ

Барканории роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бо ҷумлаи муовинонашон, ки рӯзи 19 январи соли 2024 дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амният аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кор ронда шуданд, инак як ҳафта боз як мавзӯи аввали вирди забон ва  баҳсу баррасиҳои мардум ва ҳалқаҳои коршиносӣ боқӣ мемонад. Вале то кунун ягон нашрия ё манобеи дигар сабабҳои аслии барканории якбора даҳҳо мансабдори баландпояро гуфта натавонистанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26 январи соли 2024 як манбаи огоҳ аз ҷараёни таҳаввулот дар доираҳои сиёсӣ ва қудратии Тоҷикистон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, нигаронии президент Эмомалӣ Раҳмон аз гароиши сокинони вилояти Хатлон, ба хусус минтақаи Кӯлоб, ба ақидаҳои тунди мазҳабӣ ва афзоиши шумораи зодагони ҷануби Тоҷикистон дар саффи гуруҳҳои ҷангҷи ифротӣ як сабаби асосии чунин тасмимгирӣ шудааст.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт: “Шахсияти ҳамлагари дуюм дар шаҳри Кирмони Эрон низ муайян шуд. Ӯ ҳам ҳамлагари аввал Исроил Бозоров зодаи минтақаи Кӯлоб будааст. Дар Кирмон, медонед ки қариб 100 кас кушта шуд. Аз он пеш дар ҳамла ба автобуси мусофиркаш дар Кобул, пойтахти Афғонистон 45 кас ҷони худро аз даст доданд. Ҳамлагар аз гуруҳи “ДОИШ Хуросон”, бино ба маълумотҳо, низ зодаи минтақаи Кӯлоб будааст. Вале қатраи охирине, ки сабри президентро лабрез кард, ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Кӯлоб шуд. Дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон сардорони ниҳодҳои қудратӣ дар Хатлону Кӯлобро ба ҳамин айбдор кард, ки аз паси пур кардани ҷайби худ гашта, вазифаи асосии худро фаромӯш кардаанд ва бо қонуншиканиҳову беадолатиҳои худро мардумро бо дасти худ ба домани гуруҳҳои террористӣ тела дода истодаанд”.

Ба гуфтаи як манбаи дигар дар мақомоти давлатии Тоҷикистон, иштироки зодагони Тоҷикистон инак дар чандин ҳамла дар қаламрави Эрон мояи нигаронии Душанбе шудааст. Зеро ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом шуда истодаанд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баъди солиёни танишҳо тоза рӯ ба гармшавии дубора оварда истодаанд ва табиист, ки иштироки ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ дар ҳамлаҳои террористӣ метавонад ба ин раванди гармшавии муносибатҳо латма ворид кунад.

Қаблан Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар ҷануби Тоҷикистон, аз зулми сардорони ниҳодҳои қудратӣ ба дод омадани мардуми минтақа, ба мафия табдил ёфтан ва аз онҳо ҳарос доштани ҳатто раисони шаҳру ноҳияҳои ҷануби ҷумҳуриро ҳамчун як сабаби асосии барканории онҳо ном бурда буд.

Аҳмади Иброҳим бо овардани рӯйхатти мансабдорони ронда шуда, менависад: “Ин номгӯйи нопурраи ҳамон масъулинест, ки аз зулмашон мардуми минтақа ба дод омада буд. Ин тоифа чунон муттаҳид буданд, раисони навоҳӣ ва шаҳрҳо ҳам аз онҳо ҳарос доштанд. Ҳар рӯз камаш 10 нафар аз зулми онҳо ба ҳафтавори «Пайк» шикоят мебурданд. Чун ҳафтавор байни ин ҳама масъулини фаолияташон мушобеҳи мафия танҳо монда буд, ба доди ҳама расида натавонист, маъзарат мехоҳем.”

Тавре қаблан хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 январ дар ҷаласаи Шӯрои амният аз сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба саффи мақомот ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарон дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бо овардани мисолҳои мушаххас ба тундӣ интиқод карда,

супориш дод ки:

— Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Кӯлоб, сардорони шуъбаи милитсияи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорати корҳои дохилӣ аз вазифа озод карда шаванд.

— Прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо аз вазифаашон озод карда шаванд.

— Сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз вазифа озод карда шаванд.

— Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ бо супориши Президенти мамлакат аз мақомот озод карда шаванд.

— Сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз вазифа озод карда шаванд.

Инчунин ба вазири мудофиа ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода шуд, ки командирони қисмҳои низомиеро, ки ба камбудиву қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, аз вазифа озод карда, ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна ҳаракатҳои ғайриоинномавӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, аз натиҷааш ба таври хаттӣ дар муддати 10 рӯз ҳисобот диҳанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, худи ҳамон рӯз бо имзои як фармон амр дод, ки саффи кормандони БДА (ГАИ) 30 фоиз ихтисор карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмкҳаммадзода, Президенти собиқи Ҷумҳурии мардумӣ гуяд:

    Мансабдорон “аз паси пур кардани ҷайби худ гашта, вазифаи асосии худро фаромӯш кардаанд”, ба ин роҳатӣ аз кор ронда мешаванд? Бемансабон (журналистону ҳуқуқшиносон ва фаъолони маданӣ) аз паси чӣ ҳастанд, ки бо гумони ҷурми анҷомнашуда, пушти панҷара мераванд? Ҳам гуноҳашон исбот нашудааст, ҳам ҷурме содир нашудааст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button