Хабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ИСТИФОДА АЗ ИНТЕРНЕТ ДАР БӮСТОН ВА ГОВДУЗДӢ ДАР НОҲИЯИ Ҷ.РАСУЛОВ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 19.06.2023

Ифшо гардидани кирдори қаллобӣ

01

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби колрмандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Бустон ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда аз моҳи августи соли 2019 то моҳи майи соли 2020, дар ширкати электронии «Юник Фейненс» фаъолият намуда, бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, 7-уми апрели соли 2021, 2 ҳазор доллари амрикоӣ ва 22-юми майи соли 2021 боз 2 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба номбурда тариқи электронӣ саҳмияҳои ширкатҳои гуногуни хориҷиро оид ба минбаъд ба даст овардани фоида бо роҳи фиреб пешниҳод намудааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

38

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов аризаи марди 52-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш 1-сар чорвои калони шохдорро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 53-солаи сокини шаҳри Истаравшан содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button