ВидеоКоррупсияҲуқуқи инсонҶомеа

ПОДПОЛКОВНИКИ МУТТАҲАМ БА ДАСТДАРОЗӢ БА НОМУСИ ШАҲЛО ДАВЛАТОВА АЗ КОР РОНДА ШУД

Подполковник Дилмурод Шодизодаро, ки қаблан як зан ба таҷовуз ва тамаъҷӯӣ муттаҳам карда буд, аз мансаби сардори бахши тафтишоти шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд рондаанд. Як манбаи наздик ба тафтиши қазия сабаби барканории ӯро “сӯистифода аз вазифа” номид.

Мақомот сабаби рондани Дилмурод Шодизодаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд ва худи ӯ низ барои шарҳи ин қазия феълан дастрас нест, вале  як намояндаи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ  хабари барканории афсари баландпояро тасдиқ кард, вале гуфт, “тасмим ба даъвои сокини Хуҷанд Шаҳло Давлатова рабт надорад.”

“Ҳоло дар захираи кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст ва сарнавишти баъдияш маълум нест,” – афзудааст ҳамсуҳбати Озодӣ.

Моҳи май Шаҳло Давлатова, як сокини шаҳри Хуҷанд даъво карда буд, ки Дилмурод Шодизода аз ӯ дар ивази қатъи парвандааш 30 ҳазор доллар ситонда, як дафъа ба номусаш таҷовуз намудааст.

Мақомот ин занро ба иттиҳоми муомила бо доллар моҳи ноябри соли 2022 дастгир ва чаҳор сол аз озодӣ маҳрум карданд. Иҷрои ҳукм то замони ба ҳаштсолагӣ расидани кӯдаки хурдияш ба таъхир уфтодааст.

Худи Шодизода моҳе пеш дар суҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард, ки дар воқеъ тафтиши парвандаи Шаҳло Давлатоваро ӯ пеш мебурд. Вале ин афсари милитсия талаби 30 ҳазор доллар ва дастдарозӣ ба номуси  Давлатоваро рад карда буд.

ВКД Тоҷикистон низ рӯзи 19-уми май иддаои Шаҳло Давлатоваро “комилан дурӯғ” номида, худи ӯро ба “муомилаи ғайриқонунӣ бо доллар, судхӯрӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва монеъ шудан ба кори муфаттиш” айбдор кард. “Ин иддао комилан дурӯғ буда, Давлатова Шаҳло Шералиевна ба хотири худро ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардан бе ягон далел ба подполковники милитсия Шодизода Д. тӯҳмат намудааст”, – таъкид карда буд ВКД дар раддияаш.

Шаҳло Давлатова мегӯяд, ӯ аз ширкатҳои бинокорӣ дар Хуҷанд хона харида, баъд аз ороиш дубора мефурӯхт, вале ҳеч вақт бо арзи хориҷӣ додугирифт накардааст.

Ҳоло иен қазияро Агентиии мубориза бо коррупсия таҳқиқ мекунад. Муфаттишони ин идора рӯзи 31-уми май Шаҳло Давлатова ва бародарашро бо Дилмурод Шодизода рӯ ба рӯ карданд ва дар бораи додани 30 ҳазор доллар ришва ва таҷовузи ҷинсӣ  бозпурсӣ кардаанд.

Солҳои охир шикоят аз бадрафториву суистифода аз мақом ва тамаъҷӯии афсарон ва кормандони милиса дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Моҳи апрели имсол волидони як наврас ва хонандаи мактаб дар ноҳияи Рашт моҳи апрели имсол иддао карда буданд, ки маъмурони милиса писарашро ба гумони дуздӣ дастгир ва маҷбур кардаанд, ки “ё ба гуноҳ эътироф кунад” ё “шимашро бикашад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button