ВидеоКоррупсия

ДУ МАНСАБДОРИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ БА ГИРИФТАНИ 3 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПОРА АЙБДОР МЕШАВАНД

Далер Мирзоев, сардори шуъбаи иҷозатномадиҳии раёсати ҳуқуқи вазорати молияи  Тоҷикистон ва сармутахассиси ин шуъба  Парвиз Наимов ба гирифтани 3 ҳазор доллар пора аз соҳиби як ширкати букмекерӣ айбдор мешаванд.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19 июни соли 2023 хабар дод, ки  Наимов Парвиз Саидович дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳии раёсати ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сардори шуъбаи мазкур Мирзоев Далер Сатторович зимни фаъолияти кориашон ҳамчун шахси мансабдор аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати гирифта додани иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти идораи букмекерӣ ба сифати пора маблағи 3000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 1000 доллари ИМА-ро гирифта, боз оварда додани 2000 доллар маблағи боқимондаро талаб кардаанд.

 Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврию тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани боқимонда маблағи 2000 доллари ИМА Наимов П.С. ва ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Мирзоев Д.С. дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

 Агентӣ гуфт, дар ин хусус, нисбат ба Наимов Парвиз ва Мирзоев Далер бар асоси моддаи 319, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Тафсилоти дигари парванда оварда нашудааст.

Ба ин ду мансабдори ҳамакнун собиқи вазорати молия бар асоси қисми сеюми моддаи 319 ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button