Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ДУ КӮДАК ВА ЯК ҶАВОН ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 15 июни соли 2023 дар ҷумҳурӣ боз се нафар: як ҷавони  18-сола ва ду кӯдаки 7-сола ва 10-сола ғарқ шудаанд.

Аз ҷумла рӯзи 15 июн, тахминан соати 12:35, сокини 10-солаи деҳаи Лолазори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали “Оби Тоҳир” ғарқ шуд.Ба ҷустуҷӯи ҷасади номбурда имдодгарони бахши ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаи Кӯлоб ҷалб шуданд ва ғаввосон ҷасади писаракро пайдо карда, ба волидонаш супурданд.

Ҳодисаи дуюм низ рӯзи 15 июн дар қаламрави вилояти Хатлон рух дод. Тахминан соати 13:55, як сокини 18-солаи деҳаи Ваҳдати ноҳияи  Ёвон ҳангоми оббози дар ҷойи мамнуъи канали байнидеҳаҳо ғарқ гардид. Ҷасади ӯро сокинони деҳа пайдо карда, ба волидонаш супурданд.

Ҳодисаи сеюм нимаи дуюми рӯзи 15-уми июн дар шимоли кишвар рух дод. Тахминан соати 18:10, як кӯдаки 7-сола дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар канали “Туқсанкорез” ғарқ шуд. Ҷасади ӯро сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддагуфт, аз аввали сол то 16-уми июни соли 2023 дар обҳои кишвар алакай 62 нафар ғарқ шуданд, ки 35 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-солаанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буданд.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз падарону модарон хост, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Бахусус ба соҳили обҳо бе калонсолон рафтани онҳо хатар дорад. Фарзандони худро шиноварӣ омӯзед ва агар оббозӣ наметавонанд, ба рафтани онҳо соҳили дарёву кӯлу каналҳо монеъ шавед”, – таъкид шудааст дар ҳушдори Кумита.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button