ВидеоҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

АЗ БОЗДОШТИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ЯК СОЛ ГУЗАШТ…

Пайвандони Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ чӣ ҳол доранд? Аз боздошту ҳабси онҳо як сол гузашт

Муаллиф: “Азия Плюс”

Ҳамсари ду рӯзноманигори зиндонии тоҷик мегӯянд, қазияи шавҳарашон маҷрои зиндагиашонро комилан тағйир дод.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Сурат: Колаж “Азия-Плюс”

15-уми июн аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик, ки бархе ҷузъиёти парвандаи онҳо барои ҷомеа ҳанӯз норӯшан аст, як сол гузашт. То ба ҳол наздикону пайвандонашон ба бегуноҳии онҳо бовар доранд ва умедворанд, ки ба наздикӣ онҳо аз зиндон озод мешаванд.

Як сол пеш, дар ҳамин рӯз, дар роҳ ба сӯи Конибодом дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ Далери Имомалӣ боздошт ва шоми ҳамон рӯз Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба додситонии Шоҳмансур даъват ва дастгир гардид. Танҳо субҳи рӯзи дигар, 16-уми июн мақомот тавассути вакили дифоъ гуфтанд, ки онҳо дастгир гардида, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ҳарду рӯзноманигор, оиладору соҳиби кӯдакони хурдсоланд ва ҳатто замоне, ки Абдуллоҳ боздошт шуд, кӯдакаш ҳамагӣ 10-рӯза буд. Ӯ то ба ҳол намефаҳмад, ки падараш дар ҳабс аст, вале се фарзанди Далер, ки калонтаранд, пайваста падарашонро суроғ мекунанд ва ҳамсараш намедонад ба онҳо чӣ посух диҳад.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки баъди як соли боздошту зиндонӣ шудани ду рӯзноманигори тоҷик ба суроғи хонаводаҳои онҳо равад, то аз рӯзгори як соли талхашон пурсон шавад ва пайомади ин қазияро дар зиндагиашон бифаҳмад.

То замони боздошт Далер ва Абдуллоҳ бо оилаҳояшон дар хонаҳои иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Ҳоло оилаҳо ба хонаи падарии рӯзноманигорон кӯч бастаанд ва қазияи саробонони оила маҷрои зиндагии оилаҳояшонро комилан тағйир додааст.

Ёди рӯзгори ширин ва хотироти як соли талх

Зайтуна Иноятова, ҳамсари Далери Имомалӣ ҳоло дар хонаи падари шавҳараш ба дӯзандагӣ пардохтааст ва  бори вазнини зиндагӣ бо се фарзанди ноболиғ пурра бар дӯшаш афтодааст. Пештар бори зиндагиро Далери Имомалӣ пурра мекашид ва Зайтуна Иноятова ба тарбияти фарзандон машғул буд.

Ӯ мегӯяд, ҳамроҳи шавҳараш зиндагонии осуда ва пурмеҳру муҳаббат дошт, ҳарчанд Далер анқариб ҳар ҳафта ба мақомоти гуногун даъват мешуд. Аммо ӯ бовар дошт, ки кори ғайриқонуние анҷом надодааст.

“Аз Далер мепурсидам, ки дилгир нашудед? Мақомот чӣ мехоҳанд? Ӯ ба оромӣ мегуфт, ҳамааш хуб аст ва ҷойи нигаронӣ нест. Бовар дошт, ки барои миллат ва давлат хидмат мекунанд. Ман ҳам ба ҳар ҳарфи Далер бовар доштам”,- ёдоварӣ мекунад он лаҳзаҳоро Зайтуна.

“Рӯзе, ки намехоҳам ба ёд оварам”

Ҳамсараш мегӯяд, рӯзи боздошти Далери Имомалӣ барояш фаромӯшнашаванда аст ва солгарди он дардҳо ва хотираҳои талхашро дубора зинда мекунад.

Ӯ нақл кард, ки субҳи 15-уми июни соли гузашта Далер фарзандонашро ба оғӯш гирифту бӯсид ва ваъда дод, ки баъди чанд рӯз бармегардад ва онҳоро ба саёҳат мебарад.

“Он рӯз тахминан соатҳои 10 ба Далер занг задам. Гуфт, ҳоло дар Душанбе аст. Ҳарчанд нақша дошт, ки барвақт ба сафар барояд. Гумонам вохӯрие дошт ва он ба фикрам натиҷаи дилхоҳ надод”, – мегӯяд Зайтуна.

Дар ин байн чӣ шуд ва Далер кай ба роҳ баромад, оилааш хабар надорад, вале пас аз зуҳр дари хонаи иҷораи онҳоро кормандони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур кӯфтанд ва аз боздошти шавҳараш хабар доданд.

Зайтуна Иноятова нақл кард, ки кормандони додситонӣ ба ӯ итминон доданд, ки ҳамааш хуб аст ва шавҳараш баъди бозпурсӣ озод мешавад.Онҳо нотбук, техникаи корӣ ва китобу рӯзномаҳои Далерро то бо худ баранд.

“Ҳама чизе ки аз Далер дар хона пайдо карданд, гирифта бурданд. Дилам ором нагирифт, зеро пештар ин гуна ҳолатро надида будам. Аз паси онҳо ба додситонӣ рафтам. Нагузоштанд, ки Далерро бинам. Ман ҳам дар паси дар гирён нишастам. Танҳо бегоҳ иҷоза доданд, ки чанд лаҳза бо ҳамсарам вохӯрам. Далер дар он вохӯрӣ табассум дошт ва бароям гуфт, ки хона равам, ӯ ҳам то шаб бармегардад. Хона рафтам, аммо Далер наёмад…”, – гирён ба хотир меорад Зайтуна.

Ҳамсари Далер мегӯяд, он шаб то субҳ хоб нарафт ва субҳ вақте ба Додситонии Шоҳмансур рафт, ба ӯ гуфтанд, бар зидди ҳамсараш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд.

Ӯ он лаҳзаҳоро ҳеҷ ба хотир овардан намехоҳад ва сояи норӯшани дар қалбаш афтодаро бо умеду орзу мехоҳад пӯшонад: “ман бовар доштам, ки Далер гуноҳу надорад ва баъди 2 моҳ боз ба хона бармегардад. Дар ин муддат чанд маротиба кӯтоҳ вохӯрӣ доштем, Далер мегуфт, ки “ба ҳамин зудӣ бармегардам”. Мақомот низ он вақт мегуфтанд, “гапе нест, ҷавобаш медиҳем”.

Саволи беҷавоби фарзандон ва шоҳидии зане, ки Далерро намешинохт

Ду моҳи ҳабси пешакӣ бо талхиҳо гузашт ва Зайтуна он рӯз умед дошт, ки Далер ба хона бармегардад.

“Сангинтарин рӯзҳо бароям он ду моҳ буд. Хоб надоштам. Чизе аз гулӯям намегузашт. Дасту дилам меларзиданд. Ба суоли “падарам дар куҷо?”-и фарзандонам посухе надоштам. Дар танҳоиҳо гиря мекардам ва дар бари фарзандонам худро бақувват нишон медодам. Танҳо умеде, ки имрӯз ё пагоҳ Далер бо дуруд хона медарояд, маро қувват мебахшид”, – нақл  кард ҳамсари Далери Имомалӣ.Далери Имомалӣ


Имрӯз ӯ мегӯяд, шавҳарашро ба ҷабр зиндонӣ карданд. Дар мурофиа шоҳидоне омада буданд, ки намедонистанд чӣ мегӯянд ва он чунин менамуд, ки гапро ба даҳони онҳо монда бошанд. Як зане, ки ба мурофиа ҳамчун шоҳид омада буд, гуфтааст, Далерро намешиносад ва намедонад дар суд чӣ гӯяд.

“Далер ба адолат бовар дошт. То ҳукми суд ва ҳатто баъд аз он мегуфт, ки ман бегуноҳам ва он рӯз дур нест, ки озод шавам. Вақте ҳукми судро хонданд, ӯ аз по афтод, афсурда шуд. Наздики ду моҳ барои Далер доруҳои оромкунанда мебурдам. Шавҳарам мехост бо ин роҳ худро ором кунад. Ман бошам, комилан шикастам, муддатҳо бо касе гап намезадам, ба падар гуфта гиря кардани бачаҳоям тоқат карда наметавонистам, ҷои Далерро пур карда наметавонистам, муҳаббати варо ба фарзандонам дода наметавонистам. Ин бароям талх буд, бисёр талх…”, – он рӯзҳоро ба хотир меоварад Зайтуна.

Ӯ гуфт, “боз ҳам Далер буд, ки дар мулоқоти аввалин дар зиндон маро дигарбора рӯҳия дод ва ба идомаи ҳаёт ва мунозира бо сахтиҳои рӯзгор ба по хезонд”.

Вай мегӯяд, барои фарзандони Далер он чӣ мехоҳанд харида наметавонад ва аз ҷиҳати таъминоти рӯзгор ба танҳоӣ душворӣ мекашад, аммо шикаст нахӯрдааст ва бо сахтиҳои рӯзгор муштбагиребон аст.

Мушкиле надорам, ба ҷуз набудани Абдуллоҳ

Ба фарқ аз ӯ, Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд аз чизе танқисӣ надорад ва танҳо набудани шавҳараш ӯро азият медиҳад.

Ӯ ҳоло аз минтақаи Кӯлоб барои расонаҳо гузориш менависад ва роҳи шавҳарашро идома медиҳад.

Вай гуфт, ҳарчанд Абдуллоҳ қаблан оид ба эҳтимоли боздошташ суҳбат намекард, вале ӯ ҳамеша хавотир буд ва ҳамеша таъкид мекард, ки боэҳтиёт бошад.  

“Интизор надоштем кор то ин ҳад мерасад. Гоҳе мегуфтамаш, ки шояд ҳамин сухана гуфтанат шарт набошад, фақат мегуфт, ягон кори ғайриқонунӣ намекунад”,- нақл кард Мубораки Қосим.Мубораки Қосим


Номбурда лаҳзаҳои аввали боздошти Абдуллоҳро ба ёд оварда нақл мекунад, ки рӯзи 15-уми июн вақте Далери Имомалиро ба Додистонии ноҳияи Шоҳмансур оварданд, Абдуллоҳ ҳамроҳи чанд рӯзноманигор пушти дари додситонӣ рафтанд, вале дере нагузашта телефонаш якбора дастнорас шуд ва танҳо нимашабӣ вақте кормандони додистонӣ ҳамроҳи вакили дифоъ барои бурдани компютери кории Абдуллоҳ ба хонааш омаданд, дарк кард, ки шавҳараш низ боздошт шудааст.  

Ва рӯзи дигар фаҳмид, ки бар зидди Абдуллоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро барои ду моҳ ба ҳабс гирифтаанд.

“Бисёр рӯзҳои сахт буданд, ҳатто ба ёд оварданаш бароям мушкил аст. Ман бемории афсурдагӣ гирифтам. Ба ғайр аз Абдуллоҳ дар фикри чизе набудам. Ҳоламро ба касе намегуфтам, то ғамгинашон накунам. Рӯзҳо хеле дер мегузаштанд. Барояш фақат хӯроку либос бурда метонистему халос. Ин кор ҳам каме бароям оромиш мебахшид. Хуб, ки писарам дар ҳамин лаҳзаҳо канорам буду аз як хандааш қувват мегирифтам”, – ёдоварӣ мекунад лаҳзаҳои аввалини боздошти шавҳарашро Мубораки Қосим.

Бояд инхел намешуд, аммо…

Вақте Абдуллоҳ 6 моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ буд, ҳамагӣ чанд маротиба 20 дақиқагӣ тавонист ӯро бинад ва дар ин суҳбатҳо ҳамеша ба якдигар таъкид мекарданд, ки рӯҳафтода нашаванд.

Хабари ҳукми Абдуллоҳ барои Муборак ғайричашмдошт буд ва ӯ аз забони яке аз дӯстонаш огоҳ шуд, ки ӯро зиндонӣ кардаанд.Абдуллоҳ Ғурбатӣ


“Дар ин вақт ман барои гирифтани иҷозатномаи вохӯрӣ, назди додрас рафтам, ӯ дар ҷойи кораш набуд. Ман дар даромадгоҳ  мунтазир нишастам. Дар ҳамин вақт яке аз дӯстон ин хабарро расонид ва ман дар ҳолати шок афтодам, бовар накардам. Худамро дошта наметавонистам, зор гиристам, сарам чарх мезад, фикр мекардам, дигар наметавонам роҳ равам. Он рӯз бисёр рӯзи вазнин буд, фақат мегуфтам, бояд ин хел намешуд, аммо шуд”, – афзуд ин ҳамсари рӯзноманигор.

“Боздошту ҳабс набзи зиндагиамро ба ҳам зад”

Мубораки Қосим мегӯяд, боздошту ҳабси Абдуллоҳ набзи зиндагиашро ба ҳадде ба ҳам зад, ки ҳатто писараш аз шири модар маҳрум шуд ва ӯ ҳамеша метарсид, ки Худое накарда рӯзе барои писараш шир харида натавонад.

Мубораки Қосим мегӯяд, қазияе, ки ба сари шавҳараш омад, ба ӯ қавӣ будан, сабр кардан ва аз худу шавҳару оилааш дифоъ карданро омӯзонид.

“Дар ин вақт ҳам ман ба худ наомада будам, то замоне, ки Абдуллоҳро ба маҳбас гузаронданду ба мо занг зад. Садояшро шунидаму фикр кардам, ба орзуям расидам, аз нав зинда шудам, ҷон гирифтам. Ва боз шинохти дӯстон. Ман дӯстоне, доштам, ки бароям муҳим буданд, дар фикрашон будам, вале дар он рӯзҳои мушкил ман онҳора гум кардам”, – зикр намуд вай.

Мубораки Қосим ҳоло ба тарбияи писараш Масъуди 1 сола машғул асту забони англисӣ меомӯзад ва ба духтани куртаҳои миллӣ машғул аст.

Ӯ дар ду-се моҳ як маротиба бо Абдуллоҳ вомехӯрад ва маҳз ин вохӯриҳо ба ӯ қувват медиҳанд, ки аз зиндагӣ ноумед нашавад.

Ҳам Зайтуна Иноятова ва ҳам Муборак Қосим бовар доранд, ки шавҳаронашон бегуноҳанд ва дар наздиктарин фурсат адолат тантана мекунаду Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба озодӣ мебароянд.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button