Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК МАРД ДАР ВОСЕЪ ВА ЯК КӮДАК ДАР ҒАФУРОВ ҒАРҚ ШУДА, ДАР ДУШАНБЕ ЯК НАВРАСРО ДАР КӮЛИ ЧОРБОҒ АЗ ҒАРҚШАВӢ НАҶОТ ДОДААНД

Кумита ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 9 июни соли 2023 дар кишвар боз ду мавриди ғарқ шудани шаҳрвандон сабт шудааст.

Аз ҷумла, рӯзи 9 июн, тахминан соати 13:20, сокини 31-солаи деҳаи Тутойи ҷамоати Балхоби ноҳияи Мӯъминобод бо сабабҳои номаълум дар оби дарёи Сурхоб, ки аз ҳудуди деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ мегузарад, ғарқ шудааст. Пас аз дарёфти хабар наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, баъди ҷустуҷӯи зиёд билохира ҷасади марди ғарқшударо пайдо карда, ба хешовандонаш супурдаанд.

Ҳодисаи дуюм дар шимоли кишвар рух дод. 9 июни соли 2023, тахминан соати 15:30, сокини 10-солаи деҳаи Оламтоби ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи сунъии деҳа ғарқ шуд. Имдодгарони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади писарки ғарқшударо аз қаъри ҳавз пайдо карда, берун кашидаанд ва ба волидонаш супурдаанд.

Бино ба хабари дигари КҲФ, наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе рӯзи 9 июн аз як ҳодисаи нохуш, ки қариб буд, ҷони як навраси 16-сола аз даст равад, пешгирӣ кардаанд.

Ин ҳодиса дар кӯли “Чорбоғ”, дар қаламрави пойтахти Тоҷикистон рух додааст. Як писари 16-сола аз деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба огоҳии навбатдорон аз ҷумлаи имдодгарони КҲФ дар соҳили кӯл, ки аз шаҳрвандон хоҳиш мекарданд аз соҳил дур шино накунанд,  диққат надода, худсарона аз соҳил хеле дур шино кардааст. Ва чун мехост баргардад, дигар ёрои бозгашт намекарду қувваташ намерасид ва мушоҳида мешуд, ки наврас арқ мешавад. 

Ба имдодгарони Раёсат муяссар шуд, ки сари вақт ба кумакаш шитобанд ва ӯро наҷот диҳанд. Маълум буд, ки наврас хеле тарсидааст, вале ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба истироҳаткунандагон дар соҳилҳои обҳои кишвар муроҷиат мекунад:

Риояи қоидаҳои бехтарӣ дар обҳо гарафи аслии таъмини амнияти худи шумост. Агар ин қоидаҳоро намедонед, пас хуб мешавад, ки вориди об нагардед.

Агар ба қувваи худ бовар надоред, дур шино накунед. Вале беҳтару амнтар аз ҳама оббозӣ дар мавзеъҳои наздик ба соҳилҳост.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли ҷорӣ дар ҷӯю каналу дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон алакай беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд. Тақрибан 30 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то синни 16 мебошанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button