ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ДАЪВАТИ 7 СОЗМОНИ ҲОМИИ ҲУҚУҚ БА ОЗОДИИ МАНУЧЕҲР ХОЛИҚНАЗАРОВ

7 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон –  Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights, IPHR),  Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа (OMCT), Дидбони ҳуқуқи башар (HRW),  Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи инсон (Helsinki Foundation for Human Rights, HFHR), Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee, NHC), Ҳомиёни хатти пеши ҷабҳа (Front Line Defenders, FLD) ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи инсон (FIDH)  дар  як изҳороти муштарак, ки рӯзи 3 апрели соли 2023 нашр шуд, аз ҳукумати Тоҷикистон озодии билофосила ва бидуни қайду шарти раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир Манучеҳр Холиқназаровро талаб карданд.

Бриҷит Дюфур, раҳбари Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи инсон гуфт: “Манучеҳр як адвокати барҷастаи ҳомии ҳуқуқи инсон буд, ки ба зидди беадолатӣ мубориза мебурд ва аз онҳое, ки ҳуқуқи инсониашон поймол шудааст, дифоъ мекард. Ҳукми зиндони ӯ як ҳукми шармовар аст ва ҳар рӯзе, ки ӯ дар паси панҷара ба сар мебарад, ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъсири боз ҳам манфӣ мерасонад”.

Манучеҳр Холиқназаров ҳамроҳ бо чанду узви дигари “Комиссияи 44” рӯзи 28 майи соли 2022, дар пайи саркӯби эътирозҳои Бадахшон дастгир гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 декабри  соли 2022 ӯро бар асоси моддаи 187, қисми 2 ва 307, иловаи 3, қисми 2 дар узвият дар созмони ҷиноятӣ ва иштирок дар фаъолияти созмони ифротии мамнӯъ гунаҳкор шинохта, ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти Тоҷикистон “Комиссияи 44”, ки барои миёнаравӣ байни тазоҳургарони Хоруғ ва мақомот ташкил шуда буд, “созмони ҷиноятӣ” мешуморанд.

Аммо Ҷералд Стейброк, дабири кулли Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа боздошти Манучеҳр Холиқназаровро амале худсарона номид. Ӯ мегӯяд: “Манучеҳр ва ҳамсафони ӯ аз Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир дар тӯли солҳои зиёде ба қурбониёни нақзи ҳуқуқи инсон кумак расонда, бо роҳҳои осоишта масоили ҳуқуқи инсон, ҳукми қонун ва дастрасӣ ба адолатро дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон пеш мебурданд. Боздошти ӯ як мали худсарона буд ва ӯ бояд билофосила ва бидуни қайду шарт озод карда шавад”.

Манучеҳр Холиқназаров раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, созмоне буд, ки ба ҳимоят аз ҳуқуқи инсон машғул буд ва узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Шӯрои ҷамъиятии ислоҳоти милитсия ва Эътилофи ҳуқуқи манзил буд.

25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон дар пайи қатли худсаронаи Гулбиддин Зиёбеков эътирозҳои густардае баргузор шуданд, Тазоҳургарон барои миёнаравӣ бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон аз ҳисоби намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ 44 нафар, аз ҷумла Холиқназаровро ба “Комиссияи 44” интихоб карданд.

Вале талошҳои “Комиссияи 44” барои ҳалли буҳрон бо роҳҳои осоишта натиҷа надод: мақомот ваъдаҳои ба тазоҳургарон додаи худро иҷро накарданд ва моҳи майи соли 2022 мавҷи нави эътирозҳоро дар Бадахшон бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳ саркӯб карданд.

Манучеҳр Холиқназаров ва 12 узви “Комиссияи 44” 28 майи соли 2022 ба ҳабс гирифта шуданд.  Мурофиаи онҳо пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе доир шудю.

21 октябри соли 2022 гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти ғайриқонунии Холиқназаров изҳори нигаронӣ карда буд. Вале бо ин вуҷуд Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Шакли пурраи изҳороти 7 созмонро ба забони русӣ инҷо бихонед:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button