Минтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН МЕХОҲАД УЗВИ ШӮРОИ АМНИЯТИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ШАВАД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 25 январи соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи гурӯҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ карда шуд.

Намояндаи доимии Тоҷикистондар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадии кишвараш дар ин ҷаласа изҳор дошт, ки бо дарназардошти иштироки фаъоли Тоҷикистон дар чорабиниҳо ва равандҳои гуногун дар доираи СММ, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи беназири Тоҷикистон вақти он расидааст, ки Тоҷикистон номзадии худро ба мақоми узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 – 2029 пешбарӣ намояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур, кишварҳои узви СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор кардаанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хотиррасон кардааст, ки қарори махсуси иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти №8/48-LO, (22-23 марти соли 2022, ш. Исломобод, Ҷумҳурии Исломии Покистон) низ аз кишварҳои узви ин созмон даъват ба амал оварда буд, ки номзадии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.

Шӯрои амният ниҳоди доимоамалкунанда ва аз ҳама муҳими Созмони Милали Муттаҳид ба шумор рафта, бар асоси моддаи 24 Ойинномаи СММ, масъулияти таъмини сулҳу амнияти ҷаҳон бар уҳдаи ҳамин ниҳод вогузор шудааст.

Шӯрои амният аз 5 узви доимӣ (Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Русия ва Хитой) ва 10 узви ғайридоимӣ иборат аст. 10 узви ғайридоимии Шӯрои Амният аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милал барои ду сол (ҳар сол 5 узв) тибқи тақсимоти ҷуғрофӣ интихоб карда мешаванд:

5 узв— аз кишварҳои Африқо ва Осиё;

1 узв— аз кишварҳои  Аврупои шарқӣ;

2 узв— аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ;

2 узв — аз кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва дигар кишварҳои дунё.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button