ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

РУСИЯ АЗ КУШТАНИ 600 САРБОЗИ УКРАИНА ХАБАР ДОД. УКРАИНА ГУФТ, ИН ЯК ЛОФ АСТ

Вазорати мудофиа Русия иддао кардааст, ки бо баргузории “амалиёти ҷавобӣ” интиқоми ҳамлаи пурқурбонии артиши Украинаро, ки шаби Соли нав сабаби марги даҳҳо сарбози рус шуда буд, гирифтааст.

Сухангӯи вазорати мудофиа Русия генерал-лейтенант Игор Конашенков гуфт, ки “ҳамла шаби 8-уми январи соли 2023 билофосиладар дақиқаҳои аввали пас аз анҷоми “оташбас ба муносибати милоди Исои Масеҳ”, ки президенти Русия Влодимир Путин эълон карда буд, сурат гирифт”. Ба гуфтаи ӯ, “нерӯҳои Русия ду хобгоҳро дар Краматорск зери ҳамла қарор доданд, ки дар он на камтар аз 1300 низомии украинӣ мезистанд ва беш аз нисфи онҳо ҷони худро аз даст доданд”.  Краматорск 120 километр шимолтар аз шаҳри Донетск ҷойгир шудааст.

Бино ба иддаои вазорати мудофиаи Русия, нирӯҳои ин кишвар дар Краматорск “хобгоҳи рақами 28 ва хобгоҳи рақами 47-ро бо мушакҳои дурпарвози ҳадафрас зери оташ қарор доданд. Дар хобгоҳи рақами 28 зиёда аз 700 нафар  ва дар хобгоҳи рақами 47 зиёда аз 600 нафар аз низомиёни украинӣ ҷойгир шуда буданд”.

Дар ҳамин ҳол, сардори маъмурияти ҳарбии вилояти Донетск Павел Кириленко дар  канали худ дар Телеграм аксҳое аз ҷои ҳодиса нашр намуда навишт, ки “бинои як муассисаи таълимӣ, як иншооти саноатӣ  ва як таваққуфгоҳ каме осеб диданд, вале дар ҷараёни ин амалиёти русҳо касе кушта ва ё захмӣ низ нагардидааст”. Ҳамчун ӯ қайд намуд, ки “аз ҷониби Русия  дар умум 7 мушак шиллик карда шуд”. 

Ин хабарро дар вазорати мудофиа Украина низ шарҳ дода, гуфтанд, ки “ин маълумот он қадар бе асос аст, ки мисли маълумоти пешини онҳо дар мавриди аз байн бурдани HIMARS”.

Вазорати мудофиа Русия артиши Русия  иддао карда буд, ки 27 HIMARS-ро нобуд кардааст, вале Украина гуфт, дар умум Амрико ба Украина  ҳамагӣ 20 HIMARS фиристода буд.

Ба ин хабари нашркардаи вазорати мудофиаи Русия хабарнигорони ҳарбии рус низ бовар накарда акси нашркардаи ҷониби Украинаро гузошта, навиштаанд, ки дар Краматорск “ягон нишонае аз зарбаи мушакӣ ба бино нест ва ҳатто биноҳо осеби ҷиддӣ ҳам надидаанд”.

Дар мавриди “амалиёти ҷавобӣ”-и артиши Русия ба ҳамла нерӯҳои мусаллаҳи Украина  дар Макеевка, Институти омӯзиши ҷанг (ISW) низ ибрози назар карда, навиштааст, ки  “аз ин хабари бардурӯғи ҳамлаи мушакии артиши Русия бисёриҳо дар дохили Русия норозӣ ҳастанд”. Ин пажуҳишгоҳ менависад, ки “шаҳрвандони Русия аз он норозианд, ки аз сабаби беаҳамиятӣ ва хунукназарии масъулон, махсусан фармондеҳони саҳроӣ , артиши Русия шумори иёди сарбозони худро аз даст медиҳад”.

“Ҳатто чандин блогери низомии рус ва масъулони “Z-каналҳо”-и ҷонибдори ҷанг дар Украина низ ин “қасос”-и Вазорати мудофиа Русияро ба зери тозиёнаи танқид гирифта, навиштаанд, ки “вазорати мудофиа ба ҷои омилони кушта шудани сарбозонро аз дохили артиш ёфта ҷазо додан, даст ба амали дурӯғпаҳнкунӣ зада, боиси хандахариш гардидани артиш мегарданд”, менависад Институти омӯзиши ҷанг.

Пропаганда ва ё таблиғот будани ин баёнияи вазорати мудофиаи Русияро як шабакаи телевизиони Финландия низ тасдиқ кардааст. Хабарнигорони ин шабака рӯзи 8 январ аз ҷои ҳодиса дидан карда, гузориш додаанд, ки дар Краматорск як мактаби холӣ зери ҳадафи мушаки Русия қарор гирифтааст ва ин ҳамла ягон талафоти ҷонӣ ба ҷо нашузоштааст. Онҳо ҳатто аз беморхонаҳо ва сардхонаҳо  (морг) низ дидан карда, ҷасадҳоро дар онҷо низ пайдо накардаанд.

Шаби 31 декабр ба 1-уми январи соли 2023 артиши Украина дар минтақаи Макеевка ба бинои омӯзишгоҳе, ки дар он сарбозони Русия мезистанд, ҳамлаи мушакӣ анҷом дод. Ҷониби Украина гуфт, дар ин амалиёт на камтар аз 400 низомии рус кушта шуда, наздик ба 300 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Вазорати мудофиаи Русия кушта шудани танҳо 89 нафарро тасдиқ кард.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз мардуми русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард ва дар ҳафтаҳои аввали ҷанг қисматҳои зиёди қаламрави ин кишварро ба даст овард. Вале дар моҳҳои охир артиши Украина тавонист таносубро дар ҷабҳаи ҷанг тағйир диҳад ва ба гуфтаи фармондеҳаш генерал Залужний, алакай беш аз 40 фоизи қаламравҳои ишғолшударо аз дасти Русия кашида, пас гирифтааст.

Дар умум, то санаи 2-юми январи соли 2023 на камтар аз 11 ҳазор нафар аз тарафи Русия кушта шудаанд. ББС мегӯяд, ин шумораро аз рӯи аксҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби пайвандондони кушташудаҳо ҳисоб кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button