ВидеоНуқтаи назарСиёсат

БОРОДА ТJ КАБИРИРО БА БАҲСИ РӮБАРӮ ДАЪВАТ КАРД: КАСЕ БОЙ ДОД, УЗР БИПУРСАД! (ВИДЕО)

Блогери тоҷик Музаффар Бобораҳматов, маъруф бо тахаллуси Борода ТJ рӯзи 7 январи соли 2023 бо нашри як видео Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба баҳси рӯбарӯ даъват кард. Борода ТJ  дар каналаш дар Ютуб, ки қариб 300 ҳазор обуначӣ дорад, гуфт, ин баҳс бидуни дашному таҳқир ва фақат бо далелҳо бояд сурат бигирад. Ӯ изҳор дошт, ки дар ҷараёни баҳс бо Кабирӣ исбот хоҳад кард, ки одамони ҳизби наҳзати исломӣ қасди куштани ӯро доштанд ва ҳоло дар борааш ҳар гуна дурӯғу туҳмат паҳн карда истодаанд. Борода ТJ гуфт, агар ӯ дар ин баҳс ноҳақ барояд, дар пеши Кабирӣ узр хоҳад пурсид, вале агар ҳақ барояд, Кабирӣ бояд дар назди ӯ ва мардум барои рафтори одамонаш узр бипурсад.

Муҳиддин Кабирӣ ҳанӯз ба ин даъвати Борода ТJ посух надодааст.

Ин қазия ба як моҷарои моҳи феврали соли 2021 бармегардад. Борода ТJ, ки он вақт дар Олмон кору зиндагӣ мекард, рӯзи 12 феврали соли 2021 дар пайи як сафараш ба Тоҷикистон дар каналаш  видеоро нашр карда, дар он аз пешрафтҳои Душанбе дар давраи шаҳрдории Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кард ва аз ҷумла гуфт, “Душанбе чунон дигар ва мисли Дубай шудааст, ки ман ҳатто нашинохтамаш”. Блогери мунтақид Сулаймон Орзуев дар посух ба Борода ТJ  видеое нашр карда,  ӯро мазаммат кард, ки “чоплусона” ба таърифу тавсифи ҳукумат ва “пешрафтҳои набуда” пардохта, аз мушкилоти мардум, аз ҷумла поймол шудани ҳуқуқи инсон чашм пӯшидааст.

Борода ТJ бо як лаҳни тунд ба ӯ ҷавоб дод, Сулаймон Орзуев низ тунд рафт ва дар натиҷа, Орзуев блогери дигари мунтақид Абдураҳмон09 ва боз ду ё се ҷавони дигарро ҳамроҳ гирифта,  шаби 17 феврали соли 2021 барои “разбор” ба шаҳри Зост дар ғарби Олмон, ҷое, ки Борода ТJ зиндагӣ мекард, рафтанд. Ин “разбор” ба дашному таҳқиру занозанӣ ва дар ниҳоят ба тирпарронӣ печид ва пулиси Олмон дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушод.

Борода ТJ рақибонашро айбдор кард, ки “бо супориши роҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ” қасди куштани ӯро доштанд. Сулаймон Орзуев ва Абдураҳмон 09 мегуфтанд, ки ин як “разбор”-и мардона буд ва онҳо бо хости худ ба Зост рафта буданд, на бо супориши касе.

Додгоҳи ҳавзаи Зост дар ғарби Олмон рӯзи 15 декабри соли 2022 ҳукми чор тоҷикеро, ки ба занозанӣ бо блогери тоҷики он замон муқими Олмон Музаффар Бобораҳматов, маъруф бо тахаллуси “Борода ТҶ” айбдор мешуданд, эълон кард. Додгоҳ ин 4 нафарро дар авбошӣ ва расондани осеби сабук ба саломатӣ гунаҳкор шинохта, онҳоро дар умум ба маблағи беш аз 10 ҳазор евро ҷарима баст.  Ҳамчунин ду нафар шартан ба як солу ҳашт моҳ ва як солу се моҳи зиндон ва ҳамзамон ба 200 соат кори ҷамъиятӣ маҳкум шудаанд. Вале додгоҳи Зост ду блогери мунтақиди тоҷики муқими Олмон Сулаймон Орзуев ва Шерзод Мамадҷонов, маъруф бо тахаллуси Абдураҳмон09-ро танҳо ҷарима бастааст.

Борода ТJ, ки дар ин байн ба Тоҷикистон баргашт, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳузур надошт. Ӯ баъди он ҳодиса тарки Олмон карда, ба Тоҷикистон баргашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button