Дин ва боварҳо

ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРИБ 75 ҲАЗОР ТИФЛРО РОЙГОН ХАТНА КАРДААНД

Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, кидар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон фаъолият дошта, дар онҳо давоми 9 моҳи соли 2022 ба 74 ҳазору 718 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст. Вазорат гуфт, амалиёти ройгони хатна бар асоси дастуру супоришҳои ҳукумат ва бар асоси қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба роҳ андохта шудааст.

“Иқдомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017 рӯи даст гирифта шудааст.  Дар ин доира, инчунин фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018 оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон», аз 18 майи соли 2018 “Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омории соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон” ва аз 2 июли соли 2018 “Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхатҳои таҷҳизоти зарурӣ барои ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон” ба тасвиб расида, айни ҳол амалӣ шуда истодаанд”, гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати тандурустӣ.

Дар гузашта хатнасӯр яке аз муҳимтарин ҷашнҳо барои оилаҳои тоҷик ба шумор мерафт ва падару модарон кӯшиш мекарданд, ки бо даъвати овозхонҳову ширинкорон ва раққосаҳои беҳтарин ва густурдани дастурхони зиёфат барои хешу табор ва ҳаққу ҳамсоя ин маъракаро барои фарзандони худ бо шукӯҳи хос ба сурати баёдмонданӣ баргузор кунанд.

Вале баъди қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим баргузории хатнасӯр дар Тоҷикистон маҳдуд карда шуд. Моддаи 9-уми ин қонун, ки тақрибан пурра  ба хатнаву ақиқа ва маъракаҳои дигари марбут ба таваллуди кӯдак вобаста, ба мисли номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон бахшида шудааст, баргузории ин маъракаҳоро танҳо дар доираи оил, бе забҳи чорво ва бидуни даъвати ҳунармандон иҷозат медиҳад. Гузарондани маъракаи ақиқаро ин қонун комилан манъ мекунад.

Дар қонун ҳамчунин зикр шудааст, ки худи маросими хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ  ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 9. Хатнасур

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., 1461)

2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., 1461)

3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., 1461)

4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.

5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., 1461)

6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., 1461)

7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муаяйн менамояд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button