Ҳодиса

ДАР ФУРУДГОҲИ ТОШКАНД АЗ БАҒОЧИ ЯК МУСОФИР 57 ТИМСОҲБАЧА ЁФТААНД (ВИДЕО)

Telegram-канали Кумитаи боҷхонаи Ӯзбекистон  рӯзи 31 августи соли 2022 хабар дод, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Тошканд аз бағочи як мусофир 57 бачаи зиндаи тимсоҳро пайдо кардаанд. Ин мусофир бо номи М.С., ки шаҳрванди куҷо буданаш гуфта нашудааст, аз Қоҳира, пойтахти Миср ба Тошканд омада буд.

Дар навори нашркардаи боҷхонаи Ӯзбекистон дида мешавад, ки кормандони боҷхона ҳангоми тафтиши бағочи мусофирон дар бағочи М.С. чизҳои ғайриоддиро мушоҳида карда, аз ӯ хостаанд, то бағочашро боз кунад. Маълум шуд, ки ӯ 57 бачаи тимсоҳ ё крокодилро дар байни меваву сабзавоте, чун сабзӣ, лимӯ, банан пинҳон карда, контейнерҳоро бо фолга ҳам рӯпӯш кардааст, то кормандони боҷхона даруни онҳоро скан карда ва дида натавонанд.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтиш шурӯъ шудааст ва тафтишот бояд аз ҷумла муайян кунад, ки М.С. бо чӣ мақсад 57 тимсоҳбачаҳоро мехост ба Ӯзбекистон ворид кунад?

Ин тимсоҳбачаҳо зоҳиран ба тимсоҳҳои дарёи Нил монанданд. Кормандони Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист ва посгоҳи байтории “Таш АЭРО” дар фурудгоҳи Тошканд тимсоҳбачаҳоро муваққатан барои нигоҳубин ба боғи ҳайвоноти Тошканд супурдаанд.

Дар поёни моҳи июли соли ҷорӣ Telegram-канали Ecologuz  дар бораи нашри эълони фурӯши тимсоҳбачаҳо аз ҷониби блогери ӯзбек Беҳзод Латифов хабар дода буд. Латифов, ки асосан дар бораи нигоҳубини ҳайвоноти ваҳшӣ, ба мисли шеру тимсоҳу пантера видео мекунад, ҳар як тимсоҳбачаро дар эълонаш 1500 доллари Амрико нарх монда буд.  Маъмурони канали Ecologuz дар назди Кумитаи боҷхона ва Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист ин суолро гузоштанд, ки оё ин блогери ӯзбек ин ҳайвоноти нодирро аз куҷо ва чӣ гуна овардааст ва оё иҷозати нигоҳу бин ва гузашта аз ин, иҷозати фурӯши чунин ҳайвонотро дорад?

Рӯзи 31 август дар матбуоти Ӯзбекистон хабаре нашр шуд, ки вакилони парлумони ин кишвар мехоҳанд ба қонун дар бораи ҳифзи олами ҳайвонот тағйирот ворид карда, ба шаҳрвандон нигоҳубини ҷонварони ваҳшӣ ва заҳрдорро бидуни иҷозати Кумитаи экология манъ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button