Ҷомеа

КОРИ ХИРС ТАМОМ? ОШХОНАИ “ОДИЛОН”-РО БАРОИ ЗАҲРОЛУД ШУДАНИ 22 МУШТАРӢ 1280 СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТААНД

Хабаргузории “Азия Плюс” рӯзи 23 августи соли 2022 бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, ки  роҳбарият ва кормандони ошхонаи “Одилон” дар Исфараро, ки  рӯзҳои 2 ва 3 август 22 муштарии ин ошхона заҳролуд шуда буд, ба маблағи 1280 сомонӣ ҷарима шуданд.

 Бино ба гузориши “Азия Плюс”, таҳқиқи ҳодисаи заҳролудшавии мизоҷон дар ин қаҳвахона ба анҷом расида, зимни он муайян гардидааст, ки сабаби заҳролудшавии 22 сокини ин шаҳр бактерияҳои стафилококк будааст. Ба иттилои манбаъ, масъулони қаҳвахона барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ  бар асоси моддаи 117-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҷарима баста шуданд.

https://www.facebook.com/groups/1850530778525172/permalink/3360277264217175/

Қаблан гузориш шуда буд, ки бар асари бемории стафилококк доштани 4 ошпази ошхонаи “Одилон”  дар маркази шаҳри Исфара дигарон низ сироят гирифтаанд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор карда шудааст.

Рӯзҳои 2 ва 3 август якбора 22 нафар бо шикоят аз ҳарорати баланд, дарди шикам ва дилбеҳузурӣ ба беморхонаи сироятии Исфара муроҷиат карданд. Ҳамаи онҳо дар қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳр хӯроки нисфирӯзӣ хӯрда буданд.  8 нафарро табибон бистарӣ кардаанд.

“Имрӯз ҳамаи онҳо ба хонаҳояшон рухсатӣ шуда, ба вазъи солимиашон дигар хатаре таҳдид намекунад”, – хабар дода буд рӯзи 9 август ба “Азия-Плюс” Соҳим Абдуллоев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Исфара. Ба гуфтаи ӯ, пас аз ин ҳодиса нуқтаи хӯроки умумӣ барои санҷиши вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ баста шуд. Ин ошхона алакай аз 9 августпас аз анҷоми корҳои санитарӣ дубора ба кор сар кард.

Гуфта мешуд, ки зимни санҷиш аз чор ошпази қаҳвахона бактерияҳои стафилококк ошкор шудааст, ки тариқи қатраҳои ҳавоӣ аз одам ба одам мегузарад. Ин ошпазҳоро аз кор барканор кардаанд.

“Дар ҷараёни санҷиш қонушиканиҳои марбут ба аз муоинаи тиббӣ нагузаштани коргарон ошкор шуда, танҳо се нафари онҳо чунин маълумоти зарурӣ доштанд”, – гуфта буд сардори Маркази беҳдоштии Исфара.

Нисбати раҳбарияти қаҳвахона протокол тартиб дода шуда, дар аввал ду корманди масъули назорати сифати хӯрокҳо ҳар кадоме ба маблағи 320 сомонӣ ҷарима  баста шуда буд.

Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар аввали моҳ зимни баррасии ин қазия дар ҷаласаи шаҳрдорӣ амр дода буд, ки ҳамаи нафароне, ки баъди истеъмоли хӯрок дар “қаҳвахонаи овозадори шаҳр” ба бемории сироятӣ гирифтор шудаанд, бо доруву дармон ва табобати ройгон дар муассисаҳои табобатии шаҳр фаро гирифта шаванд.

Шаҳрдорӣ он вақт номи ошхонаро нагуфт ва аз он танҳо бо ибораи “қаҳвахонаи овозадори шаҳр” ном гирифта буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button