ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

АНОРА САРКОРОВА: МАҚОМОТ МОДАРУ БАРОДАРАМРО БУРДАНД

Журналисти муқими Аврупо Aнора Саркорова  рӯзи 27 июни соли 2022  дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон субҳи 27 июн модар ва бародари ӯро барои бозпурсӣ бурдаанд.

 “Ин саҳар мақомоти қудратии Тоҷикистон модару бародари маро бурданд.

Макони будубоши онҳо номаълум аст.

Чанд рӯз пеш аз ин КДАМ хешовандони маро дар Помир бозпурсӣ карда буд”, – навиштааст Анора Саркорова.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабари боздошт ё бозпурсии наздикони Анора Саркороваро то ҳол шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки онҳоро мушаххасан ба кадом идора бурдаанд ва сабаби бозпурсӣ ё боздошташон чист? Вале худи Анора Саркорова гуфтааст, ки таъқиби наздиконаш ба фаъолияти журналистии ӯ работ дорад.
“Ин адолати тоҷикист. Истифода василаи аз ҳама муассир – шиканҷа ва таҳдид бо ҳаёти наздикон. Бо ин роҳ эътирофи гуноҳро ба даст меоранд.

Дар Тоҷикистон падар барои писар, модар барои духтар ва бародар барои хоҳар ҷавоб медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон бо ин роҳ мехоҳад, ки ҳама лаб фурӯ банданд ва дар бораи мавридҳои фаровони поймол кардани ҳуқуқи инсон дар кишвар ҳарфе назананд”,  – навиштааст ӯ.

Анора Саркорова ва ҳамсараш Рустами Ҷонӣ дар моҳҳои охир дар бораи вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки худашон ҳам зодагони ҳамин минтақаанд, матолиби зиёди танқидӣ нашр мекунанд.

Баъди бо истифода аз силоҳу нирӯ саркӯб кардани эътирозҳо дар Бадахшон ва амалиёти зидди лидерҳои ғайрирасмии ин минтақа дар моҳҳои май ва июни соли 2022  журналистони бадахшониеро, ки дар бораи вазъи ин вилоят менависанд, таҳти фишори мақомот қарор гирифтанд. Чанд блогеру журналисти зодаи Бадахшон, аз ҷумла Улфатхоним Мамадшоева, ки ба ташкили эътирозҳои ахир айбдор мешавад, Хушом Гулям, Мамадсултон Мавлононазаров (Муҳаммади Султон), Шифо Раҳимҷонова дастгир гардида, Рамзия Мирзобекова мавриди бозпурсӣ қарор гирифт ва телефону компютерашро мақомот мусодира карданд.

Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо ва хунсо кардани лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дар моҳҳои май ва июни соли 2022, бино ба ҳисобҳо, беш аз 40 нафар кушта ва беш аз 120 тани дигар дастгир шуданд. Бино ба хабарҳо, аксари боздоштшудаҳоро алакай аз Бадахшон ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button