АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТО 1000 КУШТАЮ 1500 ЗАХМӢ – ЗАМИНЛАРЗАИ МУДҲИШ ДАР АФҒОНИСТОН (ВИДЕО)

Рӯзи 22 июни соли 2022 бар асари як заминларзаи шадид дар Афғонистон ҳудуди 1000 нафар кушта ва 1500 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин омори мудҳишро намояндаи Толибон, раҳбари бахши иттилооти вилояти Пактико Муҳаммадамин Ҳазифӣ ба Би-би-си хабар додааст. Ин омори нав  ҳамагӣ чанд лаҳзае баъди нишасти хабарии вазорати мубориза бо офатҳои табиии Афғонистон буд, ким дар он муовини вазир Мавлавӣ Шарофуддин Муслим шумораи ҳалокшудагонро 920 нафар ва захмиёнро ҳудуди 600 нафар гуфта буд.

Раҳбари Толибон Ҳибатулло Охундзода хароб шудани садҳо хонаро тасдиқ кард ва гуфт, шумори қурбониён метавонад боз биафзояд. Намояндаи  вазорати корҳои дохилии Толибон Салоҳуддин Аюбӣ низ аз эҳтимоли боз ҳам афзудани шумори қурбониён ҳарф зад, чунки, ба гуфтаи вай, “бархе деҳот дар навоҳии дурдуст дар кӯҳистон ҷойгир шудаанд ва расидан то он деҳот ва ҷамъ овардани маълумоти дақиқ фурсати зиёдтаре металабад”. Ӯ афзуд, аз зери овор ҳар лаҳза мурдаҳои нав ба навро берун кашида истодаанд.

Ин пурқурбонитарин заминларза дар Афғонистон дар дастикам 20 соли охир буд. Дар аксҳо ва видеоҳои аз Пактико нашршуда дида мешавад, ки чӣ гуна зилзила садҳо хонаи аз гил сохташударо ба хок яксон кардааст ва гуруҳҳои наҷот ва мардум талош доранд, то қурбониёни ин офати табииро аз зери овор берун биоранд.

Маркази заминларзае, ки иқтидорашро Покистон, тибқи ҷадвали Рихтер, 6,1 балл ва Хадамоти геологии Амрико 5,9 балл баровард кардаанд,  тақрибан дар 44-километрии ҷанубушарқи шаҳри Хуст ҷойгир шуда буд. Заминларза соати якуним шаб, вақте рух дод, ки мардум масти хоб буд.

Ларзидани заминро дар саросари Афғонистон,  бо шумули пойтахташ, Кобул, ҳамчунин дар Ҳинду Покистон, бо шумули Исломобод, пойтахти Покистон ҳис кардаанд. Вале аз Ҳинду Покистон дар бораи кадом талафоти ҷонӣ ваё хисороти ҷиддӣ гузориш нашудааст.

Дар Афғонистон заминларзаҳо маъмулан хисороту талафоти зиёд ба ҷо мегузоранд, чунки манзилҳо, бахусус дар деҳоти ин кишвар аксаран аз гил сохта шуда, ба заминларза ва дигар офоти табиӣ чандон тобовар нестанд.

Як хабарнигори маҳаллӣ аз Пактико дар суҳбат бо Би-би-си вазъро чунин тасвир кардааст: “Дар ҳар кӯчае, ки мегузаред,  ба гӯши шумо садои нолаи мардум мерасад, ки дар сӯги наздикони аздастдодаашон мегирянд”.

 Хабарнигори дигар аз ин вилоят ба Би-би-си  гуфт, шумори қурбониён шояд хеле бештар бошад, чунки заминларза манораҳои алоқаи мобилро ҳам хароб кардааст  ва гирифтани маълумоти дақиқ мушкил аст. Бисёриҳо аз ҳоли наздикони худ хабар надоранд, чунки телефонҳо кор намекунанд. Бародари худи ман бо аҳли оилааш ҳалок шуданд ва ман дар ин бора танҳо бахди чанд соат хабар ёфтам. Деҳаҳое ҳаст, ки пурра ба замин яксон шудаанд “, – нақл кардааст ӯ.

Афғонистон дар як қаламрави зилзилахези қораи Осиё  ҷойгир шуда, ба ҳисоби Идораи масоили башарии Созмони Милал, танҳо дар 10 соли охир дар ин кишвар бар асари заминларзаҳо беш аз 7 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Ба ҳисоби миёна, ҳар сол заминларзаҳо дар Афғонистон ҷони 560 нафарро мегиранд. Моҳи январи соли 2022 бар асари як заминларза дар ғарби Афғонистон беш аз 20 нафар ҳалок ва садҳо хона хароб шуда буд.

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба наздикони қурбониёни заминларзаи ахир дар Афғонистон изҳори ҳамдардӣ мекунад. Худованд қурбониёни ин офатро раҳмату мағфират кунад ва ба бозмондагони онҳо сабри ҷамил ато кунад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button