Номаҳо ба президентТоҷикистон

НОМАИ РАҶАБИ МИРЗО БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: БА ҚАЗИЯИ ДАЛЕРУ АБДУЛЛО ДАХОЛАТ КУНЕД!

Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик ва маъмури “Ахбор барои афкор”, яке аз пуртарафдортарини гуруҳҳо дар сегменти тоҷикии Фейсбук, рӯзи 16 июни соли 2022 бо нашри як муроҷиатнома ба унвони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, хостори ба қазияи таъқибу боздошти хабарнигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ дахолат кардани Рустами Эмомалӣ шуд.

Раҷаби Мирзо иттиҳоми насупоридани андоз ба зидди Далери Имомалӣ ва гӯё ба корманди милитсия муқобилият нишон додани Абдуллоҳи Ғурбатиро дур аз воқеият номида, навиштааст, Далери Имомалӣ ҷое фирор накардааст ва ҳатто баъди қазияҳои ахир ҳам аз кӯчаҳои Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон видеогузориш мекард. Ҳамин тавр, ба навиштаи Раҷаби Мирзо, “Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ ончунон тануманд нест, ки тавонад бо корманди милиса сар ба сар шавад. Ин бар иловаи оне, ки ахлоқи хуб дошта, аз ҳуқуқи худу дигарон хуб огоҳӣ дорад”.

Муаллиф менависад,  “дар натиҷаи чунин мавқеъгириҳои мақомот, ки мутмаинем аз бедалелии онҳо бармеояд, обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанберо, ки Шумо барои имиҷи мусбати он талош доред, коҳиш хоҳад ёфт”.

Раҷаби Мирзо хотиррасон кардааст, ки  бархе аз гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷ қарордошта фаъолиятҳои Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва чанд журналисти мустақили дигарро “проекти Рустами Эмомалӣ” “ба хотири нишон додани демократия дар Тоҷикистон” арзёбӣ карда, ба фаъолияти онҳо нобоварона баҳо медоданд.

“Яъне онҳо мардуми дохилу хориҷи мамлакатро “бовар кунонидан” мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна нишонаҳое аз демократия ва озодии сухан вуҷуд надорад. Мо ба ин назарем, ки ин ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард. Дар сурати ниқорталабона муносибат кардани мақомоти Тоҷикистон ба ин ду нафар, танҳо онҳо ба нерӯҳои беруна далел хоҳанд доду бас”, – навиштааст Раҷаби Мирзо.

Ӯ аз Рустами Эмомалӣ хостааст, ки назорати қазияи мазкурро шахсан ба зимма бигирад, “то “шахсони манфиатдор”, ки обрӯи худро аз давлат ва ҳукумат бештар медонанд, махсусан дар ҳоли ҳозир, ки минтақаи мо зери бархӯрдҳои ноаён, аммо шадиди геополитикиву геостратегӣ қарор дорад, сӯистифода карда натавонанд. Зимнан, хабари боздошти ин ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ норозигии зиёд ва ноумедиро ба бор овардааст, ки метавонад аз ин ҳолат ҳар нерӯи манфиатхоҳу ғаразкор суистифода намояд. Бовар дорем масъала то ин ҳад нахоҳад рафт…

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки пиромуни масоили доғи ҷомиа видеогузоришҳо таҳия ва нашр мекарданд, рӯзи 15 июн дастгир шуданд.  Рӯзи 16 июн эълон шуд, ки Далери Имомалӣ ба напардохтани андозҳо аз фаъолияташ ҳамчун блогер ва паҳн кардани ахбори бардурӯғ айбдор мешавад ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ба корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур гунаҳкор мекунанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар пайи ин қазия додситони ноҳияи Шоҳмансур Парвиз Ашӯриён истодааст. Ин додситони 38-сола писари вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён будааст.

Ин бори аввал нест, ки фарзандони роҳбарони баландпояи Тоҷикистон бо рафтори худ ба обрӯву эътибори волидони худ зарба мезананд.

Раҷаб Мирзо 

Муроҷиатнома  

ба Раиси Маҷлиси Миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

Ҷаноби Раис!

Шояд огоҳӣ доред, ки чанд вақти охир дар атрофи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, журналист ва блогери маъруф Далери Эмомалӣ ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ сару садои зиёде ба вуҷуд омадааст. Ба ҳар сурат, тамоми ҳафтаи гузаштаро хабари мавриди шиканҷа қарор гирифтани Далери Эмомалӣ аз ҷониби яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пур кард. Мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ин амалкардро маҳкум намуда, дархост доштанд, ки ин мавзӯъ бояд мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор бигирад.

Қаблан созмонҳои журналистӣ ҳам аз мақомоти давлатӣ хостанд, ки ба ин қазия баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Мутаассифона ба ин муроҷиат то имрӯз вокунише сурат нагирифт.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз хабари дигаре расид, ки аввал Далери Эмомалиро аз роҳ ба сӯи вилояти Суғд боздошт намуда, дертар Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳам мақомот ба сӯҳбат даъват намудаанд. Бо гузашти чанд соат мақомот мавқеи расмии худро дар ин маврид нагуфтаанд, ки ин ду шахси ҷамъиятӣ бо чӣ иттиҳомоте муттаҳам мешаванд.

Аммо хабарҳое то мо расид, ки Далери Эмомалиро барои насупоридани андоз ва фирор аз масъулият, Абдуллоҳи Ғурбатиро тахминан “барои муқобилият ба намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ” гунаҳкор кардан мехоҳанд. Агар мавқеи мақомот ҳамин бошад, мо мутмаинем, ки ҳарду ҳолат дур аз воқеият аст. Зеро, Далери Эмомалӣ ҷое фирор накардааст. Пас аз ин қазияҳо низ аз кӯчаҳои Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон видеогузориш мекард. Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ ончунон тануманд нест, ки тавонад бо корманди милиса сар ба сар шавад. Ин бар иловаи оне, ки ахлоқи хуб дошта, аз ҳуқуқҳои худу дигарон хуб огоҳӣ дорад.

Дар натиҷа, чунин мавқеъгириҳои мақомот, ки мутмаинем аз бедалелии онҳо бармеояд, обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанберо, ки Шумо барои имиҷи мусбати он талош доред, коҳиш хоҳад ёфт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷ қарордошта фаъолиятҳои Далери Эмомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва чанд журналисти мустақили дигарро “проекти Рустами Эмомалӣ” “ба хотири нишон додани демократия дар Тоҷикистон” арзёбӣ карда, ба фаъолияти онҳо нобоварона баҳо медоданд. Яъне онҳо мардуми дохилу хориҷи мамлакатро “бовар кунонидан” мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна нишонаҳое аз демократия ва озодии сухан вуҷуд надорад. Мо ба ин назарем, ки ин ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард.

Дар сурати ниқорталабона муносибат кардани мақомоти Тоҷикистон ба ин ду нафар, танҳо онҳо ба нерӯҳои беруна далел хоҳанд доду бас.

Мо гуфтан намехоҳем, ки ин ду нафар иштибоҳе дар фаъолият надоранд. Аммо вазифаи давлат ва ниҳодҳояш, ҳамон тавре медонед, танҳо аз муҷозот кардани шаҳрвандон иборат нест. Робитаи хуб, тавсияҳои барои ҷомеа муҳиму муфид ҳатман кори босифат натиҷа медиҳад. Далери Эмомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ низ аз шинохте, ки дорем, он нафароне нестанд, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ намоянд.

Аз ин хотир, аз Шумо хоҳиш дорем, ки назорати қазияи мазкурро шахсан ба зимма бигиред, то “шахсони манфиатдор”, ки обрӯи худро аз давлат ва ҳукумат бештар медонанд, махсусан дар ҳоли ҳозир, ки минтақаи мо зери бархӯрдҳои ноаён, аммо шадиди геополитикиву геостратегӣ қарор дорад, суистифода карда натавонанд. Зимнан, хабари боздошти ин ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ норозигии зиёд ва ноумедиро ба бор овардааст, ки метавонад аз ин ҳолат ҳар нерӯи манфиатхоҳу ғаразкор суистифода намояд. Бовар дорем масъала то ин ҳад нахоҳад рафт…

Бо эҳтиром,

Раҷаб Мирзо,

Журналисти мустақил, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, маъмури гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button