ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО “БМВ Х-6” ВА 2 “ҲУНДАЙ СОНАТА” ВА ДУЗДИИ ДУ “АЙФОН” ВА ҶАВОҲИРОТ

Сокини 57-солаи Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки моҳи майи соли 2020, аз як сокини ин шаҳр як мошини тамғаи “БМВ Х-6” ва 2 мошини тамғаи “Ҳундай Соната”-ро 30 ҳазор доллар нарх карда, гирифтааст, вале то ҳол пули ин мошинҳоро надодааст.

ххххххххххххх

Сокини 27-солаи қаблан ҳам судшудаи Восеъ ба он гумонбар мешавад, ки соати чори шаби 19 апрел, аз хонаи як зан дар шаҳри Хуҷанд ду телефони «Айфон 11 Про Макс» ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, ба соҳибхона 54 ҳазору 900 сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ

054

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 42-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2020, марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ Х-6” ва 2-адад автомашинаи тамғаи “Хундай Соната”, дар умум 30 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағҳояшро то ҳол барнагардонидааст.Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии маблағ ва ҷавоҳирот

021.jpg

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза зани 47-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки 19-уми апрели соли 2022, тахминан соати 04:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 11 Про Макс» ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 54 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноӽияи Восеъ, ки пеш бо моддаҳои 32 қисми 3, 138 қисми 1, 339 қисми 1 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button