ВидеоКоррупсия

РАИСИ ҶАМОАТИ ШАЙДОНРО ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА ДАСТГИР КАРДААНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 11 майи соли 2022 хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи  Ҳабибуллоев Аловиддин, раиси ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро бо иттиҳоми қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Ҳабибуллоев Аловиддин Нуралиевич, дар вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт кор карда, дар давоми фаъолияташ дар ҳолати зерин ҷинояти қаллобиро содир намуд: Чунончӣ, номбурда бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифода аз ваколати мансабӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,08 гектар (8 сотих) аз шаҳрванд “А” маблағи 10.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониашро талаб намудааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои  оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Ҳабибуллоев А.Н. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда шуд”.

  Дар робита ба ҳолати мазкур нисбати Ҳабибуллоев А.Н. бар моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в” ва “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ба раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати Шайдон бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  қариб 9 ҳазор гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода низ дар як нишасти и хабариаш эътироф кард, ки “замин имрӯз дар Тоҷикистон мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button