Рӯзи 7 май дар ҷараёни як муноқишаи гуруҳӣ дар шаҳри Домодедовои вилояти Маскав як нафари ношинос 4 нафарро захмӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор додааст. Дар ин бораи ба хабаргузории русии ТАСС дар хадамоти матбуоти пулиси вилояти Маскав хабар додаанд.
Ба гуфтаи манбаи ТАСС, хабари занозанӣ дар гулгашти Сохтмончиён (бульвар Строителей)-и шаҳри Домодедово рӯзи 7 май ба пулис расид.
“Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, муайян карданд, ки дар ин суроға байни чанд шаҳрванд дар заминаи маишӣ ҷанҷоли лафзӣ рух додаааст ва дар ҷараёни он яке аз иштирокчиён ба 4 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ҳамаи осебдидагонро дар беморхона бистарӣ кардаанд “, – нақл кардааст ҳамсуҳбати ТАСС.
Дар пулиси вилояти Маскав ҳамчунин гуфтаанд, ки кормандони пулис нафари гумонбарро ҷустуҷӯ доранд ва масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар дасти баррасист.
Ба гуфтаи манбаи ТАСС, ин муноқиша дар Домодедово, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, байни муҳоҷирон сурат гирифтааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест. Дар бораи аз кадом кишвар будани муҳоҷироне, ки дар Домодедово занозанӣ карданд, иттилое дода нашудааст.
Шаҳри Домодедово аз канораҳои ҷанубии Маскв тақрибан 20 километр дуртар ҷойгир шудааст. Дар инҷо фурудгоҳи “Домодедово”, як майдони ҳавоии бузургтарини пойтахти Русия ҷойгир шудааст. Дар Домодедово ва атрофи он ҳудуди 190 ҳазор нафар ба сар мебаранд.
Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.
Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.
Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.