ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР ШАҲРИТӮС ҶАСАДИ БА ДОР ОВЕХТАИ ЯК РАИСИ ҶАМОАТРО ПАЙДО КАРДААНД

Шаби 11 феврал дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон як раиси ҷамоат худро овехтааст. Як манбаъ аз ҳукумати Шаҳритӯс ба хабаргузории Азия-Плюс бо тасдиқи ин хабар гуфт, шаби 11 феврали соли 2022 ҷасади овехтаи Хушқадам Нодиров раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияро овехта пайдо карданд. Гумон меравад, ки ӯ худкушӣ кардааст, вале ба гуфтаи манбаи Азия Плюс, сабаби ба худкушӣ задани раиси ҷамоат маълум нест.

Ин манбаъ гуфтааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ доранд“.

Хушқадам Нодиров 34 сол дошт ва  то таъйин шуданаш ба вазифаи раиси ҷамоати Ҷӯра Назаров, ба ҳайси нотариуси давлатӣ ва ҳамчунин сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор кардааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button