ВарзишВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МАРГИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ АЗ КОРОНАВИРУС

Носир Расулов, яке аз варзишгарони шинохтаи шаҳри Панҷакент рӯзи 27 январ дар синни 34 дар Русия аз бемории COVID 19 вафот кард. Дар ин бора дӯстони Носир Расулов ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” иттилоъ доданд.

Носир Расулов дар варзиши вазнбардорӣ дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида буд. Яке аз дӯстонаш гуфт, ки ӯ солҳои донишҷӯияш ҳатто дар мусобиқаҳо аз тарафи шаҳри Душанбе баромад мекард. Носир Расулов солҳои 2005-2010 дар Донишкадаи иқтисод дар пойтахт таҳсил кардааст.

Тавре рафиқону ҳамсабақонаш мегӯянд, Носир чун дигар ҷавонони тоҷик барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба муҳоҷират мерафт.  Ӯ дар ин авохир дар маркази савдои “Дубровка” дар шаҳри Маскав кор мекард.

Тавре дӯстонаш нақл мекунанд, чанд вақт пеш Носир ба бемории коронавирус гирифтор шуда, ин бемориро ба сахтӣ пушти сар мекард. Ду се рӯз пеш ба худ меояд ва мегӯяд, каме беҳтар шудам, Худо хоҳад, акнун ба по мехезам. Лекин рӯзи ҷумъа, 27 январ ногаҳон дилаш аз кор монд, қисса карданд дӯстони варзишгари ҷавонмарг.

Аз Носир Расулов ҳамчун як ҷавони чеҳракушод, варзишгари муваффақ ва дӯсти хуб ёд мекунанд.

Ҳазорҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик  дар Русия ба коронавирус дучор шуда, ин беморӣ сабаби марги даҳҳо нафар аз зодагони Тоҷикистон дар он мулки ғурбат шуд.


Носир Расулов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button