ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДИГАР ЯГОН ДРОН ДАР МАРЗ ПАРВОЗ НАМЕКУНАД! БАЁНИЯҲОИ ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ БАЪДИ МУЛОҚОТИ ЯК БА ЯК (ВИДЕО)

Субҳи 29 январ дар як гузаргоҳ дар марзи Исфараву Бодканд музокироти якбаяки раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев доир шудааст. Дар пайи ин мулоқоти якбаяк, ки то нимаи рӯзи 29 январ давом кард, ягон санад имзо нашудааст. Ин музокирот дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 27 январ байни марзбонҳои тоҷику қирғиз аст, ки дар ҷараёни он ду сокини Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар аз ду тараф захмӣ шуданд.

Дар пайи мулоқоташон Ятимов ва Тошиев ба хабарнигорон алоҳида изҳорот доданд.  Видеои суханрониҳои онҳоро нашрияи қирғизии “Турмуш” ва матни мухтасари баёнияҳояшонро хабаргузории “Спутник” нашр кард.

Аввалин шуда сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба сухан баромад. Мухтасар аз суханронии Ятимов:

– куштаю захмиён ҳастанд, ин натиҷаи он аст, ки мушкили сарҳади давлатй ҳал нашудааст;

– масъалаҳоро дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ ҳал кардан лозим аст ва онҳо бояд дар асоси ризоияти тарафайн ва ифодаи иродаи тарафайн қабул карда шаванд;

саркашӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва протоколҳои имзошуда боиси низоъ мегардад;

– Ман “бо Ташиев хеле муфассал суҳбат кардам, ҳамаи масъалаҳоро муҳокима кардем”. Мувофиқат кардем, ки дар рафти гуфтушунид “хуҷҷатҳои асосӣ ва натиҷаҳои кори комиссияҳо” дар назар доштан лозим аст.

– ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талаботи протоколҳо бояд риоя шавад. Аз чумла, сухан дар бораи протоколи рақами 39, ки майи соли 2021 имзо шуда буд, меравад. Пас аз ҳашт рӯз ҷонибҳо ба иҷрои ин протокол шурӯъ карда, аз рӯи бандҳои имзошудаи ин санад кор хоҳанд кард;

– пас аз ҳашт руз комиссияхои паритетӣ оид ба масъалаҳои топографй ва ҳуқуқӣ кор мекунанд. Ин кор барои ҳалли ҳама масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад пайваста анҷом дода мешавад;

– дар рузҳои наздик маҷлиси машваратй барпо мегардад, ки дар он кори комиссия муҳокима карда мешавад (кадомаш маълум нест);

– “ҳама масъалаҳо бояд дар заминаи дуҷониба, дар заминаи ҳуқуқӣ ва ба манфиати ду кишвар ҳал шаванд”;

– даст фишурда, қавл додем, ки тамоми созишҳои байни раисони комиссияҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро иҷро кунем, гуфт Ятимов.

Тошиев чӣ гуфт?

– вохӯрӣ наздики се соат давом кард;

– тасмим гирифта шуд, ки кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марз аз сар гирифта шавад. Кори ин маҷлис ду моҳ пеш боздошта шуда буд;

– комиссия дар асоси протоколҳо, қонунҳо ва манфиатҳои ҳар ду давлат доимй кор мекунад;

– имрӯз ягон санад имзо нашуд, аммо сухану дастфишурии мо амалӣ мешавад.

Баъди ин баёнияҳо Тошиев, ки ба суҳбаташ бо Ятимов идома медод, гуфт: Аз ин ба баъд, аз имрӯз эътиборан ҳеҷ як бесарнишин, яъне дрон (дар марзи ду кишвар) парвоз намекунад… Бас аст ин корҳо, ҳам аз ин тараф, ҳам аз он тараф!”

Рӯзи 28 январ низ музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд, вале дар он Ятимов ҳузур надошт. Ҳайъати Қирғизистонро Тошиев ва ҳайъати Тоҷикистонро фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ раҳбарӣ мекарданд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол  натиҷаҳои ин музокиротро шарҳ надодааст, вале Қамчибек Тошиев гуфт, ки дар ин гуфтугӯ тарафҳо ба 5 тавофуқ даст ёфтанд:

  1. Мо қарор кардем, ки барои таҳқиқи ҳодисаҳои рӯйдода як комиссия ташкил шавад.
  2. Комиссия бояд сабабҳоеро, ки боиси ҳодисаҳои дирӯза шуданд, низ таҳқиқ кунад.
  3. Ба вазорати ҳолатҳои фавқулодда дастур дода шуд, то барои ба хонаҳояшон баргардондани сокинони ба сабаби вазъ аз марз кӯчондашуда кумак расонад. Ҳамаи онҳо бояд то шоми имрӯз, 28 январ ба хонаҳои худ баргардонда шаванд.
  4. Ба мақомоти қудратӣ дастур шудааст, ки барои таъммини тартибот ва амният дар маҳалҳо кор баранд
  5. Аз ҳама асосӣ: Тамоми ниҳодҳои қудратӣ бояд аз марз берун кашида шуда, ба қисмҳои низомӣ баргарданд. Дар марз фақат кормандони милитсия ва марзбонҳо боқӣ мемонанд.

Аммо дар посух ба суоли хабарнигори нашрияи қирғизии Turmush дар мавриди инки гӯё ҷониби Тоҷикистон тавофуқҳои қаблиро риоя накарда, тирпаррониро сар кард ва оё то куҷо ин дафъа тавофуқоти бадастомадаро риоя хоҳад кард?, Тошиев бо як лаҳне, ки тарафи Қирғизистонро ғолиби муноқишаи охир тасвир мекард гуфт: “Мо умедворем, ки баъди муноқишаи дирӯза онҳо тавофуқоти имрӯз бадастомадаро риоя ва иҷро хоҳанд кард. Баъди муноқишаи дирӯза онҳо сабақ гирифтанд ва ба ин далел, маҷбуранд, ки тавофуқоти ҳосилшударо риоя кунанд.”

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 27 январ якбора бад шуд.

Тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ байни марзбонони тоҷику қирғиз муноқишаи мусаллаҳонае сар зад, ки ҳудуди 6 соат давом кард. Дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон ду нафари мулкӣ кушта ва 10 нафари дигар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 нафари мулкӣ захмӣ гардиданд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, дар муноқишаи ахир аз ҷониби аҳолӣ ва ҳарбиёни қирғиз касе кушта нашуда, вале 11 ҳарбии қирғиз тир хӯрдаанд.

Дар натиҷаи музокироти шаби гузашта тарафҳо дар мавриди оташбас, берун кашидани нирӯҳои иловагӣ ва кушодани роҳҳо ба тавофуқ расиданд.  Ҳарду тараф мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муътадил буда, таҳти назорат қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button