ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ЯК ҲАФТА ДАР ТОҶИКИСТОН 188 ҲОЛАТИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС САБТ ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 28 январ хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 18 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави навъи COVID-19  сабт шуда, дар айни замон 32 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Дар як ҳафтаи охир вазорати тандурустӣ 188 ҳолати ба коронавирус гирифтор шудани шаҳрвандонро тасдиқ кард. Ин дар ҳолест, ки ин вазорат аз 13 сентябр сиёсати гӯё  “ба нестӣ расондани коронавирус” дар Тоҷикистонро пеш гирифта, аз 20 ноябр ба ин тараф ягон ҳолати нави коронавирусро дар кишвар эътироф намекард.

Ба ҳисоби вазорати тандурустӣ, шумораи расмии гирифторшудагон ба ин вирус аз оғози пандемия то шоми 28 январ дар Тоҷикистон, бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ ба 17 ҳазору 283 нафар расида, аз ин шумор то имрӯз 17 ҳазору 78 нафар шифо ёфта, 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд ва ба ин тартиб, то шоми 28 январ 81 нафари гирифтори коронавирус дар шароити хона ё бемористон таҳти табобат боқӣ мемонанд.

Вазорати тандурустӣ баъди ду моҳи “ба нестӣ расондани коронавирус” шоми 21 январ бори аввал  ошкор шудани ҳолатҳои нави гирифтории шаҳрвандон ба ин вирусро тасдиқ кард.  Ин тасдиқ ҳамагӣ як рӯз баъди рӯзи 20 январ дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат аз кори вазорати тандурустӣ бо як лаҳни шадид шикоят кардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Яке аз иштирокдорони ҷаласаи солонаи ҳукумат ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Эмомалӣ Раҳмон аз маълумоти воқеӣ дар бораи коронавирусро пинҳон кардани вазорати тандурустӣ сахт интиқод кард ва хитоб ба вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдулллозода гуфт: “Мо киро фиреб дода истодаем? Мо худамонро фиреб дода истодаем!” Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, сабаби пинҳон кардани маълумотти воқеӣ дар бораи коронавирус ҳатто барои ӯ қобили фаҳм нест.

Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли соли 2021, ба хусус дар тобистони соли гузашта, ки Тоҷикистон ба мавҷи навбатӣ ва хеле пурқурбонии коронавирус дучор шуда буд, низ чанд дафъа аз маълумоти воқеиро дар бораи ин беморӣ пинҳон кардани вазорати тандурустӣ танқид карда, як бор ҳатто аз оилаи худаш ёдоварӣ кардааст, ки “ман чӣ хел ба рақамҳои шумо бовар кунам, вақте ки шумораи беморон дар байни хешу табори худи ман аз ин рақамҳои шумо дида хеле бештар аст?”

Ёдовар мешавем, моҳи июли соли 2021 ду хешованди наздики президент: Ӯзбекбӣ Саъдуллоева ва хоҳараш Қурбонбӣ Раҳмонова аз коронавирус ҷон бохтанд ва фарзандаони Қурбонбӣ Раҳмонова, бино ба иттилои дарёфтӣ, дар пайи даргузашти модарашон ҳатто вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, мудири беморхонаи ҳукуматӣ ва чанд табибро латтукӯб карданд.

Вале бо вуҷуди тасдиқи ҳолатҳои нави пандемия дар кишвар, бисёриҳо бар инанд, ки шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмиест, ки вазорати тандурустӣ эътироф мекунад.

 Дар чанд ҳафтаи охир ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва аксар ба таври хонахез, яъне бо тамоми аҳли оилаҳои худ бемории сахтеро пушти сар карданд, ки табибон онро “зукоми мавсимӣ” меномиданд. Вале натиҷаи ташхиси даҳҳо нафаре, ки ба ташхисгоҳҳои хусусӣ муроҷиат карданд, нишон медод, ки онҳо гирифтори коронавирус шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button